Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифин дар хориҷ ба тазоҳурот дар назди қасри раёсатҷумҳурии Олмон дар Берлин даъват кард. Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 сентябр бо даъвати раисҷумҳури ин кишвар ҳамроҳ бо ҳамтоёни дигари осиёимиёнагиаш ба онҷо биёяд.
ПМТ ин сафари раисҷумҳури Тоҷикистонро як фурсат барои мухолифин “дар расонидани садои мазлумон, зиндониёни сиёсӣ ва муҳоҷирон ба ҷаҳониён ва эътироз алайҳи даъвати диктотурҳо ба кишварҳои мутамаддин” дониста ва истифода аз ин фурсатҳоро низ вазифаи неруҳои мухолиф дар хориҷ номидааст.
Дар байния гуфта мешавад “Паймони Миллии Тоҷикистон баробари огоҳ шудан аз ин сафар ва дар ҳамоҳанги бо мухолифини сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ, дархости расмӣ барои баргузории тазоҳурот дар назди қасри раёсатҷумҳурии Олмон, ҷои баргузории мулоқот, равон” ва “ҷавоби расмӣ ва мусбат ба ин дархост рузи 26 уми сентябр” дарёфт кардааст.
Эътилофи мухолифин дар хориҷ аз ҳама ҳамватанони маскуни Аврупо даъват кардааст “дар эътироз назди макони мулоқотҳо ҳамроҳи эътирозгарони кишварҳои дигари ОМ ширкат кунанд ва садои муштараки миллатҳоро ба ҷаҳониён бирасонанд”.
Тазоҳуроти эълоншуда рӯзи 29 сентябр соати 8 шурӯъ шуда, то соати 13 идома хоҳад кард.
Гуфтанист, Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 25 март низ алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон назди Бундестаг (парлумони Олмон) тазоҳурот барпо карда буд, ки дар он беш аз 150 нафар ширкат карданд.
Дар ҳамин ҳол, он замон сафари Раҳмон ба Олмон лағв шуд ва муовини раиси ПМТ Алим Шерзамонов яке аз сабабҳои лағви сафари Раҳмон ба Олмонро баргузории ҳамин тазоҳурот номид. Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳама гуна садоҳои эътирозиро дар дохили кишвар хафа кардааст, аз ҳар садои эътирозе бо шиддат ҳарос дорад.