14 октябр дар Кохи Ваҳдат бо иштирок ва суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҳадафҳои асосии ҳамоиш ин муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Форуми Душанбе сармоягузориҳои “сабз”-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст.
Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, Форум зери унвони “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо” баргузор карда мешавад.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, кушодани иқтидори сармоягузории минтақа дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиати мутақобила заминаи муҳим фароҳам меорад. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистон дар маркази Авруосиё ба мо имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари минтақаҳо ва қитъаҳо баромад карда, долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд, таъсис диҳем.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ мебошад”.
Ҳамчунин, аз сармоягузороне, ки дар самти истеҳсоли технологияҳои муосир, батареяҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунанд, барои саҳм гузоштан дар амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёси ин соҳаҳо истиқбол карда шуд.
Дар Форум панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъолияти тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорон созгор номида шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳадафи стратегии мо табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат мебошад.
Ҳамчунин, Султон Раҳимзода – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулло Орифов – Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Скляр Роман – муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз – Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилан, Малайзия, Татяна Молчан – Муовини котиби генералӣ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Сайид Али Маданизаде – Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ – Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ суханронӣ намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube