Дар Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” қабул шуд, ки муҳлати таҳсилро то як сол кам мекунад ва мафҳуми “таҳсили дуалӣ”-ро ворид месозад.
Дар асоси қонун, барои хатмкунандагони синфи 11 муҳлати таҳсил акнун на бештар аз ду сол муайян шудааст. Ин тағйирот бо мақсади мутобиқ кардани низоми таълим ба талаботи бозори меҳнат роҳандозӣ гардидааст. Қонун аз 7 боб ва 32 модда иборат аст ва он қонуни соли 2015-ро аз эътибор соқит кард.
Ёдовар мешавем, ки таҳсили дуалӣ низоми таълимие аст, ки назарияро бо амалия якҷо мекунад. Яъне, донишҷӯ қисман дар коллеҷ ва қисман дар корхона таълим мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube