Рубрики Хабарҳо

БА ПАЯМБАРАМ МУҲАММАД(С)…Ду ғазал аз Исфандиёр

БА ПАЯМБАРАМ МУҲАММАД(С)…

Агарам ба тирарӯзӣ ба гили сияҳ нишонӣ,

Ба санои кас лабамро накушояму ту донӣ.

Ба санои ту гушудам лаби хешу чун гушоям

Ба санои ҳамчунон худ башаре, ки банда хонӣ?

Сари худ фурӯ наорам ба амиру хону шоҳе,

Ки туям шаҳи шаҳонӣ, ки туям шаҳи ҷаҳонӣ.

На ба дини кас дароям, ки бувад хилофи динам,

На ба мазҳабе гароям, ки бувад ҷадиду сонӣ.

Ба паямбарам Муҳаммад(с) дилу ҷону сар фишонам,

Ба Ҳанифа бини Нуъмон ҳама умру зиндагонӣ.

Чи кас аст ин, ки гӯяд: раҳу расми динӣ бигзор?!

Чи кас аст ин, ки хонад зи Худо маро ба ноне?!

Чи кунам, ки ин ду – се кас ба Худои худ ситезанд?

Ба Худои худ бимонам, ки Худост ҷовидонӣ.

Ту маро, ки дӯст дорӣ чи кунам ба дӯстдоре,

Ки ба душманам фурӯшад сари хони дӯстгонӣ?

Ба раҳи ту ҷон фишонам, ки туӣ ҳама нишонам,

Ба санои ту бихонам ғазале ба ин равонӣ.

 

АЛО РАСУЛИ МУҲАББАТ…

Дуруде ба Расули Худо — паямбари сидқу сафо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)

Худо баройи ту бандад баҳорро озин,

Худо барои ту орад ба боғ фарвардин.

Ало Расули Худову Расули Акрами гул,

Ало Расули муҳаббат, Расули меҳройин.

Маро ба номи Худову ба дини ту доданд,

Ба гўш бонги азону ба дил наво аз дин.

Бале, баҳор ту ҳастӣ, ки бо ҳазорон гул,

Даре ба гетӣ кушодӣ, даричае рангин.

Дуруд бар ту фиристам ва аз Худо хоҳам,

Маро ба дини ту орад канори худ, омин.

Расули меҳру муҳаббат, Расули сулҳу сафо,

Шафеъи рўзи қиёмат, шафеъи рўзи пасин.

«Ҳар он ки хотами мадҳи ту кард дар ангушт,

Сар аз даричаи рангин бурун кунад заррин.»

—-

Байти охир аз устод Рўдакӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *