Рубрики Хабарҳо

Комроншоҳи Устопириён боз қаҳрамони мусобиқаи дзюдо дар Анталия шуд (3 навор ва аксҳо)

Комроншоҳи Устопириён, гуштигири машҳури тоҷик дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо «Анталия Гран При 2018” бар қаҳрамони ҷаҳон Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯз омад ва соҳиби ҷои аввал дар ин мусобиқа шуд.

Комроншоҳи Устопириён,  дар Ҷоми ҷаҳонии гуштини дзюдо “Анталия Гран При 2018” вазни 90 кило сазовори ҷои аввал шуд. Комроншоҳ шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар гуштини дзюдо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард. .

Ба ин тартиб Комроншоҳи Устопириён, ки дар “Анталия Гран При 2017” соҳиби мақоми аввал шуда буд, натиҷаи соли гузаштаашро такрор карда, боз як Шоҳҷоизаи мусобиқоти Анталияро ба сандуқи пирӯзиҳояш дар мусобиқоти мӯътабари байналмилалии гуштини дзюдо илова кард.

Набарди дуввуми Комроншоҳ дар Анталия)

Posted by on Sunday, April 8, 2018

Комроншоҳи Устопириён аз даври аввали мусобиқоти Анталия «озод» бидуни рақобат ба даври дуюм гузашт ва дар се даври дигар тавонист паҳлавонҳо Самули Виитанен аз Финландия, Колтон Браун аз Амрико ва Маммадали Меҳдиев аз Озарбойҷонро шикаст диҳад ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад. Дар даври ниҳоӣ низ паҳлавони тоҷик  қаҳрамони ҷаҳон Неманҷа Маҷдов аз Сербистонро шикаст дод.

Қисмате аз ҳунарнамоии Комроншоҳи Устопириён бо Қаҳрамони феълии ҷудои ҷаҳон Маҷдов Наменҷаи сербистонӣ дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи Гранд Прии 2018 дар Анталияи Туркия.

Posted by on Sunday, April 8, 2018

Бо ҳамин паҳлавони тоҷик ба минбари баланди ҷои якум баромад, парчами Тоҷикистон баланд барафрохта ва суруди миллии Тоҷикистон сароида шуд.

Ба ифтихори пирузии мубораки Комроншоҳи Устопириён дар шаҳри Анталияи Туркия суруди миллии кишвар навохта ва парчамаш барафрошта шуд .

Posted by on Sunday, April 8, 2018

Паҳлавонҳои дигари тоҷик дар “Анталия Гран При 2018” сазовори медал нашуданд. Беҳрӯз Хоҷаев дар Ҷоми “Анталия Гран При 2018” рӯзи 7 апрел, мутаассифона,   дар даври сеюм мағлуб гашт ва аз медал маҳрум монд.

Саидҷалол Саидов низ бо ду пирӯзӣ ва ду ширкаст дар Анталия бемедал монд.

Дар ин мусобиқа ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ҳамчунин Акмал Муродов, Наврӯз Каримзод ва Ҷаҳонгир Маҷидов ширкат карданд, вале онҳо низ ягон медал ба даст наоварданд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *