Рубрики Хабарҳо

Ғоратгари №1. Нархи барқ дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад қимати барқро зина ба зина боло барад. Тибқи нақшаи ҳукумат то соли 2025 нархи барқ дар Тоҷикистон 100 дарсад боло хоҳад рафт.

Тибқи барномаи наҷоти ширкати “Барқи Тоҷик”, ки ҳукумат омода кардааст, танҳо то ин сатҳ боло бурдани қимати барқ, ин ширкати монополӣ метавонад аз бӯҳрон раҳо ёбад. Қарор аст се соли оянда, яъне то соли 2021 нархи барқ ҳар сол 15 дарсадӣ ва аз соли 2022 то 2025 ҳар сол 8 дарсадӣ боло бурда шавад. Ба ин тартиб, нархи барқ дар соли 2025 бештар аз 40 дирамро ташкил хоҳад дод. Дар ҳоли ҳозир барқ ба аҳоли 19.7 дирам бари 1кВ/с фурӯхта мешавад.

Муаллифони тарҳи наҷоти “Барқи Тоҷик” ба ин назаранд, ки ду баробар боло бурдани қимати барқ метавонад хароҷоти онро рӯпӯш намуда, ширкатро аз зарарҳои бузург наҷот диҳад. Ҳар сол ин ширкати монополист “зарар”-ҳои садҳомиллиондолларӣ мебинад, ки дар натиҷа қарзи онро аз марзи 23 миллиард сомонӣ (2,5 миллиард доллар) убур кардааст.

Чун “Барқи Тоҷик” ширкати давлатист, ин қарзи бузург бояд аз буҷаи кишвар, аниқтараш аз кисаи мардум пардохт шавад.  

Қарзи бузургтарин ширкати зараровари Тоҷикистон “Барқи Тоҷик” дар сол гузашта 700 миллион доллар зиёд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини ширкат аз истеҳсоли рекордии барқ — 20 миллиард киловат соат дар соли 2018 гузориш додаанд.

Зарари ин ширкати монополӣ ҳар сол нисбат ба солӣ қаблӣ бештар мешавад. Ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест,  гузориш дода буд “Барқи Тоҷик” дар соли 2017 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ ($400 миллион бо қурби миёна дар ин сол) зарар дидааст.

Тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRL дар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) бароварда шуда буд. Соли 2015 низ ин ширкат тавониста буд 2,8 млрд сомонӣ (ҳудуи ($350млн бо қурби миёна) зарар кунад.

Аз барномаи наҷоте, ки ҳукумат омода кардааст, бармеояд, ки қимати истеҳсолии барқ аз қимати фурӯшаш бештар аст. Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба ин иддао бовар намекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллӣ ҳам дар сӯҳбаташ бо мардум гуфт фурӯши барқ ба хориҷи кишвар яке аз васоити дуздии хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст. “Ҳатто пули барқе, ки имрӯз ба миллат намедиҳаду ба хориҷ мефурӯшад, ба буҷаи Тоҷикистон ворид намешавад. Ин пул мустақиман ба суратҳисобҳои хориҷӣ меравад, дар ҳисобҳои шахсӣ ҷо мегирад” — изҳор дошт Кабирӣ.

Ӯ гуфт: “Суол ба вуҷуд меояд, ки чаро президент барқро ба хориҷ неву ба миллати худаш намефурӯшад. Нархи 1 Кв/с барқ дар Тоҷикистон   2 сент аст. Барои муқоиса дар Қирғизситони ҳамсоя 1 сент. Тоҷикистон барқро чӣ ба дохил ва чӣ ба хориҷ бо нархи баробар мефурӯшад. Ҳатто дар тобистон барқро ба Ӯзбекистон аз аҳолии худамон арзонтар мефурӯшад. Аммо дар зимистон аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқро бо як нарх мехаранд”.

“Сабаб як чиз аст — шарҳ дод Кабирӣ, — агар ба аҳолӣ бифурӯшад, аҳолӣ пули барқро аз тариқи бонкҳо пардохт мекунад ва ин пули мардум вориди ҳисобу китоби бонкии Тоҷикистон мешавад. Аз ин дуздидан дигар душвор аст. Барои ҳамин президент манфиатдор аст, ки барқро ба хориҷиҳо бифурӯшад, на а аҳолии худаш” — хулоса кард Кабирӣ.

Ӯ ваъда кард, ки ба зудӣ тамоми роҳҳои фурӯши барқ ба хориҷ ва маблағҳое, ки аз фурӯши он хонаводаи раисҷумҳур ба даст меорад ва ба офшорҳо мефиристад ифшо хоҳанд шуд. Аммо гуфт, мардум бояд бидонанд, ки то замоне дар хориҷ барқи Тоҷикистон харидор дорад, барқро раисҷумҳур на ба аҳолии кишвар, балки ба хориҷиҳо хоҳад фурӯхт, ҳатто агар нарх баробар аст, то маблағҳои бадастомадаро ба офшорҳо бифристад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *