Чанд лаҳза пеш мақомоти ОВИР ба Исломиддин Зайниддинов, қудои Муҳиддин Кабирӣ шиносномаҳои хориҷии набераи чорсолаи онҳо Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ва модараш Мижгона Зайниддиноваро доданд. Акнун Ҳамза, ки гирифтори бемории саратон аст, метавонад бо модараш барои табобат ба хориҷи Тоҷикистон сафар кунад.
Наздикони хонаводаи Зайниддиновҳо ба сомонаи «Ахбор” акси шиносномаҳои хориҷии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи чорсолаи раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ва келинаш Мижгона Зайниддиноваро фиристоданд.
Ба гуфтаи онҳо, нисфирӯзии 1 август мақомоти ОВИР – Хадамоти шиносномадиҳӣ ва сабти номи ВКД Тоҷикистон шиносномаҳои Ҳамза ва модарашро ба Исломиддин Зайниддинов, бобои модарии ин кӯдак супурдаанд. Мақомоти ОВИр гуфтаанд, ки акнун модари Ҳамза метавонад бидуни мушкиле кӯдакашро барои табобат ба хориҷ барад.
Шиносномаҳои Ҳамза ва модараш ҳанӯз рӯзи 27 июл таҳия шуда, баъди 4 рӯз ба онҳо дода шудааст. Шиносномаи Ҳамза ба номи Иброҳим Руҳуллоҳ Тиллозода 3 сол – то 26 июли соли 2021 ва аз модараш то соли 2028 эътибор доранд.
Ҳамза гирифтори бемории саратони байзатайн (эмбриональная карцинома) аст. Мақомот асноди Мижгона Зайниддиноваро дар соли 2015, дар пайи тарки Тоҷикистон кардан ва ба маблағгузории ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) айбдор шудани шавҳараш Руҳуллоҳ Тиллозода – писари калонии Муҳиддин Кабирӣ – аз дасти онҳо гирифтаанд. Аммо мақомот тавассути радиои ба ин мақомот наздики «Озодӣ” иддао карданд, ки модари Ҳамза асноди худу фарзандонашро гӯё худаш гум кардааст ва ягон фармони манъи сафар барои Ҳамзаву модараш вуҷуд надорад..
Мижгона Зайниддинова баъди ташхиси бемории саратон дар бадани Ҳамза чанд дафъа аз мақомот хост, ки ӯро ба хотири табобати фарзандаш иҷозати сафар ба хориҷ бидиҳанд, вале ба ӯ чунин иҷозат дода нашуд.
Гузориши сомонаи «Ахбор” дар бораи ин кӯдаки мариз мавҷи эътирозҳои мухолифини тоҷик дар хориҷ ва вокуниши доираҳои байналмилалиро ба бор овард. Дар сомонаи Change.org зери петитсия ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон бо талаби додани иҷозати сафар ба ин кӯдак ва модараш беш аз 136 ҳазор нафар имзо гузошта, Ситоди наҷоти Ҳамза, ки мухолифин дар хориҷ ташкил кардаанд, рӯзи 31 август бо айни талаб дар чанд шаҳри Аврупо флешмоб доир кард ва гуфт, ба баргузории раҳпаймоиҳои эътирозӣ омодагӣ мегирад.
Ва аммо Саида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27 июл гуфт, бемории Ҳамза Тиллозода дигар табобатнашаванда аст ва ба хориҷ фиристодани ӯ фоида надорад: «Ин кӯдакдараҷаи паҳнгаштаи саратон дорад. Дараҷаи чорум. Мо ӯро куҷо фиристонем? Бопадару модараш муассисаҳои тандурустӣ, Маркази илми саратоншиносӣ сӯҳбаткарданд. Тасмим ба худи онҳост. Медонанд хешу табор, лекин инро қабул карданнамехоҳанд.”
Бознашр аз сомонаи «Ахбор»