Рубрики Хабарҳо

47 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон аз «рӯйхати сиёҳ»-и Русия хориҷ шуданд

Русия номи ҳудуди 47 ҳазор шаҳрванди Қирғизистонро аз «рӯйхати сиёҳ»-и хориҷиҳо, ки ҳаққи сафар ба он кишварро надоранд, берун кардааст.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, сафари гуруҳи шаҳрвандони ин кишвар, ки ба далели қоидавайронкунии «ночиз»-и маъмурӣ ба Русия манъ шуда буд, дубора иҷозат дода шудааст.

Манбаъ афзудааст, ки 35 ҳазор қирғизистонии дигар аз ҳаққи сафар ба Русия ҳамоно маҳрум мебошанд.

Расонаҳо охирҳои моҳи майи имсол хабар дода буданд, ки номи 82 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар «рӯйхати сиёҳ»-и мақомоти Русия қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *