Яке аз фармондеҳони ҷангҷуёни курд дар Сурия аз дастгир шудани Муҳаммад Ҳайдар Зимор, шаҳрванди Олмон, ки аслаш аз Албоси Сурия будааст, хабар дод. Гуфта мешавад, Муҳаммад Ҳайдар ба даст доштан дар ҳодисаи бо ҳавопаймо задани ду бинои баландошёна, санаи 11 сентябри соли 2001 Амрико муттаҳам мешавад.
Ин фармондеҳи низоми баландпоя, ки нахостааст номаш фош шавад, гуфтааст: «Муҳаммад Ҳайдар Зимор дар боздоштгоҳи нерӯҳои амниятии курд дар шимоли Сурия ба сар мебарад ва бозпурсӣ аз ӯ ҷараён дорад».
Муҳаммад Ҳайдар соли 2002 аз Марокаш рабуда ва дар Сурия ба зиндон афканда шудааст. Низоми Сурия ӯро ҳудуди 4 сол пеш озод карда будааст.
Дар ин бора хабаргузории иттилоъ додааст.
Ёдовар мешавем, 11 сентябри соли 2001, бар асари ба биноҳои Созмони ҷаҳони тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон равона кардани ҳавопаймоҳои рабудашуда ва ҳамчунин инфиҷори ҳавопаймои сеюм дар аёлати Пенсилвания тақрибан 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд. Тибқи маълумотҳо аксари ҳалокшудагон мардуми оддӣ намояндагони 90 кишвари ҷаҳон будаанд.
Дар ин бора даҳҳо филмҳои мустанад ва таҳқиқотҳо нашр шудаанд.
Мақомоти Амрико дар ин ҳамлаҳо шабакаи «Ал-Қоида»-ро муттаҳам мехонад.
Аз паи ин ҳодиса бо нақшаи решакан намудани террористон, Амрико сараввал ба Ироқ ҳуҷум кард ва як кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ рӯ ба тараққиниҳода фалаҷ шуд ва то ба ҳол ин ҳолат давом дорад. Баъдан низомиёни Амрико ва ҳамаҳдонаш ба хоки Афғонистон ворид шуданд. Афғонистони бе ин ҳам ноором ба хоку хун оғушта шуд. То ба ҳол низомиёни Амрико ва ҳампаймононаш дар ин ду кишвар вуҷуд доранд.
Баъзе аз коршиносон ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 ва тохтутозҳои низомии Амрико баъди ин ҳодисаро як амали тарҳрезишудаи худи Амрико медонанд. Аммо Амрико пофишорӣ мекунад, ки дар решакан намудани тундгароён ва террористони байналмилалӣ пешдастӣ мекунад.