Рубрики Хабарҳо

Мухолифони сиёсии тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро дар Чехия “пешвоз” гирифтанд (АКСҲО)

Бино ба навиштаҳои фаолони сиёсии тоҷик  дар саҳифаи фейсбукиашон, имрӯз ҳини сафари кории раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия онҳо бо у ру ба ру шудаанд.

Фаъоли сиёсии тоҷик Вайсиддин Одинаев дар саҳифаи фейсбукии худ чанд дақиқа пеш  навиштааст: “Мо диктатор Эмомалӣ Раҳмонро дидем ва дар ру ба руяш истода тамоми хостаҳои Шуморо ба у гуфтем.

Нуриддин Ризоӣ яке аз фаъолони “Гуруҳи 24” бошад  бо тафсил аз ин дидори мухолифин бо Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки шакли пурраи он чунин аст:

Мо эътироз рафта будем, аммо Раҳмонов даст ба эътироз зад.

Аксе, ки мебинед дар пушт корпуси дипломатии ҳукумат ва ҳамроҳони Раҳмонов мебошанд.

Онҳо ба муҷҷаради расидани мошини Раҳмонов тарафи мо ҳамла карда хостан моро хомуш кунанд ва мабодо «Ҷаноб» наранҷад.

Аммо ҳар чи бояд гуфта мешуд дар рубари Раҳмонов гуфта шуд.

Тақрибан чизе намонд, ки нагуфта бошем…

Аммо аз Раҳмонов ҷуз чеҳраи сурх хиҷолатзада чизи дигаре надидем.

Чун дар миёни 100 ҳо нафар, пур аз журналистону саёҳон ва мақомоти Чехия садои «Раҳмонов диктотур аст» «Марг бар Раҳмонов» баланд мешуд.

Намояндагони ҳукумат, ҳақиқати як режими қотил ва хунолуи худро маҷбур шуда ошкор кардаанд, кор то ҷое расид, ки таҳдид ба қатл кардаанд; » Дар Аврупо низ мекушем» » Миллат пилат нест, Миллат Раҳмонов аст» ва дашноҳои зиёд.

Хулоса ҳар як сухан сапт шудааст ва бо далил пешкаши Миллати Тоҷик мешавад.

Дар охир гуфтаниям, ки имруз рузи хубе набуд барои оқои Раҳмонов ва хеле хушҳол ҳастам, чун пайғоми Мардумамро ба ӯ расондам.

Пайғоми бе парда ва бе қайчи, чун Инҷо Тоҷикистони Раҳмонов нест.

Имруз ғазаби мардумро ба Раҳмонов расондем.

Аз бародароне, ки дар ин қазияи Ватан бе тараф набуда иштирок карданд хеле миннатдорам.

Миллат аз шумо фахр мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *