Рубрики Хабарҳо

Трамп: Амрико Толибонро нисбат ба ҳар замон сахттар зарба хоҳад зад

Трамп дар тозатарин суханонаш як бори дигар ба Толибон ҳушдор дод, ки сахттар аз пеш зери зарба қарор хоҳанд гирифт. 

Доналд Трамп, раисҷмуҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар тозатарин суханонаш гуфтааст, ки “мо Толибонро нисбат ба ҳар замони дигар, сахттар зарба хоҳем зад.”

Ӯ, ки дар ҳаждаҳумин солрӯзи ҳамлаи гурӯҳи Ал-Қоиъда бар бурҷҳои тиҷоратӣ дар Амрико сухан мекард гуфт: “Агар ба ҳар далеле, онҳо [террористон] ба кишвари мо пас биёянд, мо онҳоро ба ҳар ҷое, ки бираванд таъқиб хоҳем кард ва аз қудратамон истифода хоҳем кард; Ба шевае, ки Амрико ҳаргиз пеш аз ин истифода накардааст. Ман ҳатто дар бораи истифода аз бомби атомӣ сӯҳбат намекунам.” 

Ӯ афзуд: “Чизе, ки дар интизори онҳо [террористон] хоҳад буд, ҳеҷ замоне онро нахоҳад дида бошанд. Ҳеҷ душмане бар рӯйи замин наметавонд бо қудрати  маҳорат ва тавонои қотеъи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мутобиқат дошта бошад.” 

Ин суханони Трамп дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ӯ чанд рӯзи пеш, дар пайи ҷон бохтани як сарбози Амрико дар ҳамлаи Толибон дар Кобул, гуфтугӯҳо бо Толибонро мутаваққиф кард. 

Аз сӯи дигар, Русия, Чин ва Олмон хоҳони аз саргирии музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибон ҳастинд. 

Намояндҳагони ҳамешагии ин кишварҳо дар Созмони милали муттаҳид, роҳҳали сиёсиро ягона роҳ барои поёни ҷанг дар Афғонистон медонанд. 

Аз ин миён, намояндаи ҳамешагии Русия интизор дорад то таълиқ дар музокироти Амрико бо Толибон бо таъхири дарозмуддат рӯ ба рӯ нашавад. 

Дар ҳамин ҳол, Созмони милали муттаҳид бар оғози ҳар чи зудтари музокирот миёни Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Толибон таъкид кард. 

Амрико, ҳамакунун дар ҳудуди чаҳордаҳ ҳазор сарбоз дар Афғонистон дорад, ки саргарми омӯзиш нерӯҳои амниятии афғон ҳастанд. 

Иин кишвар пас аз ҳамла бар Афғонистон дар соли 2001 дар ҳудуди 100 ҳазор нерӯ ба Афғонистон фиристода буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *