Имрӯз, 13 март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо писараш , раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи боз як бинои нав барои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ширкат кард. Солҳои ахир мақомоти Тоҷикистон барои КДАМ биноҳои зиёде бунёд кардаанд ва раисҷумҳур ҳам беш аз ҳар ниҳоде дар ифтитоҳи биноҳои ин сохтор ширкат ва суханронӣ мекунад.
Коршиносон мегӯянд сабаби таваҷҷӯҳи хосаи Раҳмон ба КДАМ ин аст, ки ӯ барои ҳифзи қудраташ асосан ба ин ниҳод такя мекунад. Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз набудани ҳамдигарфаҳмӣ байни раиси ин кумита Саймумин Ятимов ва вориси “пешво” Рустами Эмомалӣ хабар медиҳанд. Рустам мехоҳад ба ҷои Ятимов дӯсти наздикаш Шоҳрух Саидовро, ки бо суръат аз зинаҳои мансаб дар ВКД боло меравад, оварад.
Тибқи иттилоъи хабаргузории давлатии “Ховар”, имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода дода шудааст.
Дар асоси лоиҳа бинои Раёсат сеошёна буда, “бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст”.
Бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳавӣ иборат буда, маҷлисгоҳи бинои Раёсат 70 ҷойи нишаст дошта, “бо нишастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонда шудааст” ва “ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ ва дигар таҷҳизоти лозима” муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.