Рубрики Хабарҳо

Макрон: Пеш аз иҷлоси Гурӯҳи 7 бо мақомоти Эрон дидор мекунам

Раисҷумҳури Фаронса аз барномаи мулоқоти худ бо мақомоти Эрон пеш аз баргузории иҷлоси сарони кишварҳои Гурӯҳи ҳафт хабар дод. Ў ҳадаф аз ин мулоқотро ироаи пешниҳодҳое барои коҳиши таниш миёни Теҳрон ва Вошингтон унвон кард. 

Эммануел Макрон мегӯяд пеш аз баргузории иҷлоси сарони кишварҳои G7 дар шаҳри Бёртзи Фаронса бо шуморе аз мақомоти Ҷумҳури исломӣ дидор хоҳад кард. 

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, раисҷумҳури Фаронса рӯзи гузашта (чаҳоршанбе 21 август) ҳадаф аз ин дидорҳоро ташреҳи пешниҳодҳояш барои коҳиши таниш миёни Ҷумҳури исломӣ ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико эълом кард. 

Даври ҷадиди иҷлоси сарони ҳафт кишвари санъати ҷаҳон қарор аст рӯзҳои шанбе ва якшанбе, (24-25 сентябр) баргузор шавад. Фаронса яке аз се кишвари аврупоии тарафи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БарҶОМ) аст ва беш аз дигарон талош мекунад ибтикори амал барои ҳифзи ин тавофуқ пас аз хурӯҷи Амрикоро дар даст гирад. 

Макрон ба ном ва самти мақомоти эронӣ, ки қасд дорад “соате пеш аз иҷлос” бо онҳо мулоқот кунад ишорае накардааст. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломӣ, Муҳаммад Ҷавод Зариф пештар гуфта буд, ки рӯзи ҷумъа, ба Париж сафар мекунад ва бо Эммануел Макрон ва Жан-Ив Ле Дриан, ҳамтои фронсавии худ дидор хоҳад кард. 

Амрико соли гузашта аз тавофуқи ҳастаӣ бо Ҷумҳури Исломӣ хориҷ шуд, ва пас аз он таҳримҳои лағв ё таълиқ шудаи худ алайҳи Эронро дубора эъмол кард. 

Ҷумҳури исломӣ дар вокуниш ба ин таҳримҳо, ки дар моҳҳои гузашта ташдид шуда, дар ду марҳала анҷоми тааҳҳудоти худ мутобиқи Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БарҶОМ)ро коҳиш дод ва таҳдид карда, ки агар Аврупо барои хунсо кардан таъсири таҳримҳои Амрико иқдоме накунад, ба зудӣ вориди марҳалаи севум мешавад. 

Талош барои наҷоти БарҶОМ 

Фаронса ҳадаф аз гуфтугӯ бо мақомоти Эронро талош барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии тавофуқи ҳастаӣ ва афзоиши танишҳо дар минтақа унвон мекунад. Ин гуфтугӯҳо дар остонаи дидори сарон ва раҳбарони Амрико, Канада, Бритониё, Олмон, Италия, Фаронса ва Япония анҷом мешавад. 

Раисҷумҳури Фаронса то кунун чанд бор бо ҳамтои эронии худ Ҳасан Рӯҳонӣ, барои он чи ҷилавгирӣ аз барҳам хӯрдани тавофуқи ҳастаии соли 2015 ва коҳиши танишҳо хонда шуда, телефонӣ гуфтугӯ кардааст. 

Амерко ҳадаф аз ташдиди таҳримҳоро ворид кардани “фишори ҳаддиаксарӣ” бар Ҷумҳури исломӣ барои кашондани ин кишвар ба пойи мизи музокирот ва даст ёфтан ба тавофуқи ҷадиде эълом карда, ки ба гуфтаи Трамп хатари даст ёфтани Теҳрон ба силоҳи атомиро барои ҳамеша мунтафӣ кунад ва аз ҷумла ба барномаҳои мушакҳои пластик ва “ба бесубот кардани минтақа ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ” тавассути Ҷумҳури исломӣ хотима диҳад. 

Раҳбари Эрон, Али Хоманайӣ ҳар гуна музокира бо давлати Трампро “самми музоаф” хонда, бо ин ҳама шуморе аз мақомоти аршади Эрон, монанди Ҳасан Рӯҳонӣ асли гуфтугӯ бо Вашингтонро, ба шарти лағви таҳримҳо ғайриимкон надонистаанд. 

Интиқоди Трамп аз раисҷумҳур Фаронса 

Доналд Трамп, раисҷумҳур Иёлоти муттаҳида ҳудуди ду ҳафта пеш ҳамтои фаронсавии худро муттаҳам кард, ки дар мавриди музокироти эҳтимолӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон “нишонаҳои дарҳам””мефиристад ва аз ин ки ба назар мерасад ӯ аз ҷониби Амрико сухан мегӯяд интиқод кард. 

Трамп ҳаштуми август дар як паёми тавветрӣ навишт: “Медонам, ки Эммануел нияти хайр дорад, ҳамон тавр, ки бақия ҳам ҳамин тавр ҳастанд, аммо ҳеҷ касе ба ҷойи Иёлоти муттаҳида сӯҳбат намекунад магар худ Иёлоти муттаҳида. Ҳеҷ кас иҷоза надорад ба ҳеҷ тариқ ва шакле моро намояндагӣ кунад.” 

Вазорати хориҷаи Фаронса як рӯз баъд ба ин суханони Трамп вокуниш нишон дод ва бидуни ишора мустақим ба ӯ дар баёниае таъкид кард, ки ин кишвар қотеъона ва ба таври ҷиддӣ машғули анҷоми иқдомоте барои барқарории сулҳ ва амният ва коҳиши танишҳо дар минтақаи Халиҷи Форс аст ва барои чунин талошҳо ба ҳеҷ муҷаввизе ниёз надорад. 

То кунун дар бораи ҷузъиёти музокироти Макрон бо мақомоти аршади Эрон ва пешниҳодҳои ӯ барои коҳиши таниш миёни Теҳрон ва Вашингтон ба таври расмӣ хабаре мунташир нашудааст. Гуфта мешавад, яке аз меҳварҳои аслии тарҳи раисҷумҳури Фаронса таваққуфи ҳамзамони иқдомоти муноқишабарангези ду тараф барои ёфтани роҳе ба манзури оғози музокирот аст. 

Зоҳиран Фаронса пешниҳод карда Эрон дар муқобили худдории Амрико аз ташдиди таҳримҳо, коҳиши тааҳҳудоти худ мутобиқи БарҶОМ-ро мутаваққиф кунад. Ҷумҳурии исломӣ мегӯяд агар кишварҳои аврупоии тарафи тавофуқи ҳастаӣ ба ваъдаи худ барои роҳандозии сомонаи мавсум ба INSTEX барои тасҳили мубодилоит тиҷорӣ ва банкии Эрон ва коҳиши фишори таҳримҳо амал кунанд, ҳозир аст монанди собиқ ба БарҶОМ пойбанд бошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *