Рубрики Pressa

Сарвазири Қирғизистон ба Тоҷикистон меояд


Сарвазири Қирғизистон Одилбек Қосималиев рӯзҳои 4 ва 5 июни соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

 Дар ин бора хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Қосималиев дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ҳадаф аз ин сафар ширкат дар музокироти сатҳи баланд ва баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИДМ арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *