Рубрики Хабарҳо

То се соли зиндон барои додани симкорт ба дигарон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тағйирот ба Кодексҳои ҷиноӣ ва маъмурии кишварро нашр кардааст, ки ҷазо барои нақзи пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, ё ба соҳибияти каси дигар додани онро пешбинӣ мекунанд

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, моддаи 341 замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ ба тасвиб расид, ки барои вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он то 82 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла бар асоси Вазорати умури дохили, барои нақзи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ чунин кирдор содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

“Ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабақаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти каси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта истифода гардида бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол ҷазо дода мешавад”.

Бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шудааст, барои нақзи қоидаҳои пайвасткунии симкорт дар сурати набудани аломатҳои ҷиноят аз 5 ҳазору 500 то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Тибқи моддаи 350 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз чорсад то шашсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Тағйироти мазкур ба Кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сомонаи Вазорати умури дохилӣ нашр шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *