Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР 04.07

Котиби матбуотии раисиҷумҳури Қирғизистон Эрбол Султонбоев дар паёми худ ба мардуми қирғиз дар пасманзари вазъ дар Қарақалпоқистон изҳор дошт:  

«Мо аз ходимони ҷамъиятӣ, фаъолони шаҳрвандӣ, блогерҳо ва дигарон даъват менамоем, ки навиштаҳои мухталифи иғвоангезро нашр накунанд, дар бораи ҳодисаҳои дар кишварҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳо рухдода баҳо надиҳанд».

“Ҳамаи равандҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ ҷараён доранд, сирф кори дохилии онҳост. Аз ин рӯ, бори дигар аз шумо хоҳиш менамоем, ки аз нашри ақидаҳо ва арзёбиҳои норавшан, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ мухолиф аст, худдорӣ намоед”

***

Малика Елизавета II-юми 96 солаи Бритониё бархе аз вазифаҳояшро ба шоҳзода Чарлз Уэлс месупорад. Ба навиштаи Daily Mail, ба рӯйхати вазифаҳои монарх, ки қасри Букингем эълон кардааст, тағйирот ворид карда шуд.

Малика ҳанӯз  ҳам сарвари давлат ва миллат маҳсуб меёбад. 

***

New York Times: Имрӯз 4 июл дар рӯзи таҷлили Истиқлолияти ИМА беш аз 5000  парвози ҳавопаймоҳо лағв карда шуданд, дар ҳоле маҳз ҳамин рӯз аксари мардуми кишвар тавассути ҳавопаймои хатсайрҳои дохилӣ ба сафар мебароянд.  Ба ин як қатор омилҳои манфӣ, аз ҷумла, нокомии техникӣ, нарасидани кормандон, мушкилоти нармафзор ва тӯфони тропикӣ, ки дар соҳили Каролинаи Ҷанубӣ мушоҳида шудааст, ба вуҷуд омадааст. 

***

Дар кишвари Чмн заминларза рух дод. Маркази он дар шимолу ғарби Чин, дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур сабт шудааст.

Шиддати заминларза аз рӯйи ҷадвали рихтер  5,3 балл муайян карда шуд. 

Дар ин бора маркази зилзилашиносии Аврупову Миёназамин иттилоъ додааст.Маркази заминларза дар 174-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Оксув воқеъ аст.

Дар бораи талафот ва хисорот маълумоте нест.

***

Дар ҷанубу ғарби Покистон як автобуси мусофирбар аз роҳ баромада, ба дараи поён аз баландии тақрибан 61 метр  сарозер шуда рафт. Бино ба хабари оҷонсии Associated Press, 19 кас кушта ва 12 кас ярадор шуд.

Дар автобус  35 нафар мусофирон будаанд. Мувофики тахминхо, фалокат дар натичаи бад будани обу хаво ба амал омадааст, чун борони сахт меборид, рох хеле лағжонак буд.

***

Рӯзномаи Correira Della Cerra бо такя ба мақомоти маҳаллии Итолиё навиштааст, фурӯпошии қисме аз пиряхи Мармелада дар шимоли ин кишвар дастикам шаш нафарро ба ҳалокат расонд. Илова бар ин, ҳашт нафар маҷрӯҳ ва тақрибан даҳ нафар бедарак гум шудаанд.

Офати табиӣ дар кӯҳҳои сарҳади минтақаҳои Трентино-Альто-Адиҷ ва Венето рух дод. Ба навиштаи рӯзнома, фурӯпошии як қисми пирях дар пасманзари ҳавои гарми ғайримуқаррарии имсола дар Итолиё  рух додааст, ки дар кӯҳҳо низ эҳсос мешавад ва обшавии пиряхҳоро метезонад.

***

Сарвазири Австралия ваъда додааст, ки Путинро дар нишасти G20 хуб истиқбол нахоҳад кард.

Сарвазири Австралия Энтони Албенизи мутмаин нест, ки раисиҷумҳури Русия тасмими ширкат дар ин нишастро хоҳад дошт, аммо дар сурати омаданаш ҳам, “ба худаш муносиб” карда пешвоз хоҳем гирифт.

Албенизи гуфт: “Аз Путин ба гунаи ғайридӯстона истиқбол карда мешавад. Ӯ ба ҳокимияти устувории қонун дар дунё эҳтиром намегузорад ва бар асоси арзишҳои ин дунё рафтор намекунад” 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *