Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: Русия иштибоҳ мекунад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ тасмими Русия дар бораи террористӣ шинохтани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иштибоҳе номид, ки ба афзоиши дидгоҳҳои зиддирусиягӣ мерасонад.

Раиси ҲНИТ дар як паёми твиттерӣ навишт “Русия ба ҳайси кафили ҷараёни сулҳ бо террористӣ эътироф кардани ҲНИТ — яке аз ҷонибҳои Созишномаи сулҳ, иштибоҳ мекунад. Ин кор ба радикалӣ шудани нерӯҳои мӯътадил, , афзоиши эҳсосоти зиддирусиягӣ ва заъиф шудани боварӣ ба гуфтугӯву механизми сулҳомези ҳали мушкилот дар Тоҷикистон хоҳал расонд”.

Гуфтанист, қаблан Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 25 июл дар Душанбе баргузор шуд, гуфта буд Додситонии кулли Русия ба Додгоҳи олии ин кишвар бо дархости террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муроҷиат кардааст.

Ҳанӯз маълум нест мурофиаи додгоҳӣ кай баргузор мешавад, аммо бештари коршиносон ба ин назаранд, ки ин тасмим сиёсист ва барои розӣ кардани Тоҷикистон гирифта шудааст ва бо гумони ғолиб додгоҳ низ онро қабул мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *