Human Rights Watch (HRW) Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукуматдорони Тоҷикистон тақозо кардааст, ки хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро аз маҳбас озод кунанд.
Стив Свердлов, намояндаи ин созмони ҳуқуқии байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ, дар саҳифаи твитерии худ тамдиди мӯҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидовро хабари бад барои Тоҷикистон унвон кардааст:
«Хабари бад барои Тоҷикистон. Мӯҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидов боз ба ду моҳи дигар дароз шуд. Ҳол он ки ин рӯзноманигори маъруф тӯли ду моҳ аст, ки ғайриқонунӣ паси панҷара қарор дорад. Ба ин масхарабозӣ хотима бахшидан зарур аст”, — таъкид намудааст Свердлов.
Маврид ба зикр аст, ки аз рӯи гуфти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 12 феврал, даъвогари аслии қазияи Хайрулло Мирсаидов, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода ба истеъфо рафтааст.
Аммо Абдуллозода гуфтааст, истеъфои Олим Зоҳидзода ба қазияи Хайрулло Мирсаидов ҳеҷ рабте надорад.
«Олим Зоҳидзода бо ихтиёри худ аз вазифа рафт ва иқдоми вай ба қазияи боздошти Хайрулло Мирсаидов рабт надорад. Олим Зоҳидзода худаш бо хоҳиши худ ариза навишт ва хост, то аз ин мақом биравад. Бинобар ин, хоҳишаш қонеъ карда шуд». — гуфт Аҳтам Абдуллозода
Ёдовар мешавем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ — «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Олим Зоҳидзода, собиқ сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва даъвогари аслии ин қазия ба расонаҳо гуфта буд, ки ба хотири шикояти Мирсаидов, ки гӯё аз вай 1000 доллар ришва талаб карда бошад, будааст.
“Вақте, ки дар матбуот хабари бардурӯғ дар мавриди ришваситонии ман пахш мешавад ва ҳатман барои ҳимояи шаъну шарафи худ ва маълум кардани асли қазия ба прокуратураи вилоят барои сарфу харҷи маблағҳои ҳукумати вилоят ба КВН муроҷиат кардам, ки пули сарфшударо тафтиш кунанд, ки куҷо шуд. Агар ба расонаҳо гуё ришваситонии маро хабар намедод, кор ба додситонӣ кашида намешуд”. — гуфта буд Зоҳидзода.
Ҳафтаи гузашта бо дархости прокурор «бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда», мӯҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.