Як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми кӯшиши амалиёти террористӣ дар шаби соли нав дар Истамбул боздошт шудааст..Мақомоти Туркия гуфтаанд ҳамроҳ бо ин тоҷикистонӣ як шаҳрвнади Узбекситон боздошт шудааст ва ҳарду ба узвият дар ДОИШ муттаҳам мешаванд.
Гуфта мешавад пулиси Туркия аз амалиёт воқиф шуда онҳоро таъқиб доштааст ва чанд соат қабл аз фарорасии соли нави мелодӣ ин ду кӯшидаанд, ки аз таъқиби кормандони пулис дар ноҳияи Башакшеҳири Истанбул пинҳон шаванд.
Ба пулис муяссар шудааст бо тирпаронӣ ба чархҳои мошини савориашон, онҳоро боздошт кардаанд.
Шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон, ки танҳо ҳарфҳои аввали ному насабаш — К.З.И. зикр шудаа ммо мулаққаб “Абӯ Маймун” будааст, мутахассиси маводи тарканда дар ДОИШ гуфта шудааст. Ба гуфтаи мақомоти туркӣ, ӯ ба аъзои созмони террористӣ сохтани маводи таркандаро омӯзиш медодааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ДОИШ-ро таблиғотӣ мебурдааст.
Тибқи маълумоти мақомоти пулис, боздоштшудагон мехостаанд, ки як ҳамлаи террористии монанд ба 1 январи соли 2017-ро дар Истанбул, ки аз ҷониби ҳамин созмон содир шуда буд, анҷом диҳанд. Он замон бар асари амали террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Пулиси Туркия иттилоъ додааст “Абӯ Маймун” ба ҳабс гирифта шуда, аммо ба шаҳрванди Узбекистон истирдод ба кишвараш таҳдид мекунад.