Рубрики Хабарҳо

Вазорати саноат: кишвар қодир ба истеҳсоли орд ду баробар бештар аз талабот аст

Вазорати саноати Тоҷикистон эълом кард, ки  корхонаҳои ордбарории кишвар талаботи дохилиро пурра қонеъ мекунанд ва ин корхонаҳо ба истеҳсоли ду баробар зиёдтар аз талаботи дохилӣ қодиранд.

Тавре дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон қайд мекунанд, дар ҷумҳурӣ 47 корхонаҳои ордбарорӣ мавҷуд буда, имконияти истеҳсоли 1,9 миллион тонна орди гандумиро дар як сол доро мебошанд.

Гуфта мешавад, ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи ҷумҳурӣ, ки 800 ҳазору 800  тоннаро ташкил медиҳад, ки 1,9 маротиба зиёд аст.

Бино ба маълумоти додаи вазорат дар шабонарӯз дар корхонаҳои ордбарории Тоҷикистон 1835 тонна орд истеҳсол мегардад.  Корхонаҳои коркард бо гандум ва бозори дохилӣ бо орд асосан аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин гардида, қисми дигари он аз Қазоқистон ва Русия мунтазам дар ҳаҷми зарурӣ ворид мешавад.

Зикр шудааст, ки давоми моҳҳои январ-феврали соли равон дар корхонаҳои ордбарории ватанӣ 110 ҳазор тонна орди гандумӣ истеҳсол шуда, дар баробари ин 14ҳазору 600 тонна аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти бақияи соли 2019, ки 47 ҳазору 100  тоннаро ташкил медиҳад, ҳаҷми орд дар бозор дар маҷмӯъ 171 ҳазору 700 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба талабот 133 ҳазору 500 тонна, ё худ 126,7 дар сад зиёд мебошад.

Таъкид мешавад, ки соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми беш аз 710 ҳазор тонна орд аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ пурра таъмин карда шуда, боз зиёда аз 3 ҳазору 100 тонна ин маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба овозаҳо дар бораи коронавирус сокинони Тоҷикистон ба ташвишу таҳлука афтода, ба харидорӣ ва захираи миқдори ниҳоят зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз карданд. 

Инчунин гуфтан ба маврид аст, ки бо вуҷуди даъвои вазорат ҷиҳати доштани иқтидори таъмини дусолаи орд ба шаҳрвандон дар кишвар аллакай норасои орд ва қимматшавии он аз авохири соли гузашта ба назар мерасид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *