Агар дар дасти нафаре 6 адад ангушт бинем, як қадар бо ҳайрат менигарем, баъд ба хотир меорем, ки бале, чунин одамон ҳам ҳастанд. Аммо агар аз ин ҳам зиёд ангушт доштаҳо ҳастанд гӯям, оё бовар мекунед? Худованд қудрати бузургашро ба ҳамин хел ҳодисаҳои аҷиб бароямон нишон медиҳад.
Ҳоло Кумари Наяк ба ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Аз ӯ пештар як нафар чунин серангушт буд, ки шумори ангуштони дасту пояш 28 адад буданд. Аммо ин зани 63-солаи ҳиндӣ рекордсмени қаблии ин категорияро, ки ҳамагӣ 3 ангушт камтар дошт, убур мекунад. Ҳиндустон дар ҳақиқат мамлакати афсонавӣ аст, зеро дигар нафари серангушт марде бо номи Девендра Сутара , ки соли 2014 вориди китоби реккорди гинес шуда буд, боз ҳам ҳиндустонӣ аст.
Кумари Наяк 19 ангушт дар пойҳояш ва 12 даст дар даст дорад. Ин дороӣ зиндагии ӯро осон накардааст. Аммо ба шарофати вижагии худ, зан дар саросари ҷаҳон машҳур гашт ва илова бар ин, ҳамчун шахси серангушттарин номаашро ба таърих ворид кард.
Шӯҳратманди қонуни аҷибе ҳам дорад, ки дар зиндагӣ хеле аз шӯҳратмандони шинохташуда хушбахт нестанд. Ана ҳамин Кумари Наяк низ аз қабили чунинҳост. Ҳар нафаре дар кӯча ӯро бинад, худро дар канор мегирад. Хусусан сокинони мутассиб бовар доранд, ки ҷодугар аст. Баъзеҳо каме таваққуф карда тамошо мекунанду гузашта мераванд. Кумари Наяк бештари вақташродар хона мегузаронад, зеро чунин ҳолро беҳтар медонад. На одамон ҳазар мекунанду на худаш ноҳинҷор мешавад.
Ҳаёти Кумариро бо амалиёти ҷарроҳӣ тағир додан мумкин аст, аммо зани танҳо пул надорад. Илова бар ин дигар дертар ҳам шудааст.
Солҳои наздик дар ҳаёти Наяк як ҳодисаи хуш ҳам рӯй дод. Мансабдорон дар Ҳиндустон аз саргузашти пиразан огоҳ шуда, қарор карданд, ки ба ӯ кӯмак кунанд. Ба ӯ хонаи нав ва нафақа пешниҳод карданд. Ғайр аз он, мақомот кӯшиш мекунанд, ки ҳамсоягонро бовар кунонанд, ки Кумари Наяк ягон хел хатар надорад.
Боз як щолати хеле ыолибро дар бораи ангуштон гуфта мегузарем. Ҳар як шахс маҷмӯи беназири изи ангушт дорад. Ва баъзе одамони сайёраамон аз рӯзи таваллуд изи ангушт надоранд.
Намунаҳои из дар нӯги ангуштҳо тақрибан моҳи шашуми рушди ҳомила ба вуҷуд меоянд ва дар тӯли ҳаёт бетағйир боқӣ мемонанд.
Вазифаи онҳо дар бадан дақиқ муайян карда нашудааст. Як назария ин аст, ки онҳо фишори ангуштҳоро дар ин мавзӯъ беҳтар мекунанд; таҳқиқоти дигар нишон медиҳанд, ки онҳо ҳассосиятро ба даст афзоиш медиҳанд.
Дар соли 2007, дерматолог Питер Итин бо зане, ки пӯсти нӯги ангуштонаш комилан ҳамвор аст, вохӯрд. Табибон аз мушкилоти шабеҳ огоҳ буданд, аммо то он лаҳза он як зуҳури норасоии нодири генетикӣ ҳисобида мешуд. Одатан одамони изи ангушт надошта сари бемӯю пӯсти хеле пурожанг доранд, аммо ин зан тамоман чунин хусусиятҳоро надошт, яъне пӯсташ солим буд.
Маълум шуд, ки ҳашт узви хонаводаи ин духтар низ изи ангушт надоштанд. То соли 2011, чор оила бо ин фарқияти ғайриоддӣ пайдо шуданд. Тадқиқотҳои васеи олимони дермотолог нишон доданд, ки одамони изи ангушт надошта ғадудҳои арақҷудокуниашон ҳам кам аст, аммо онҳо мушкилоти ҷиддии саломатӣ надоранд.
Соима Саидӣ