Рубрики Хабарҳо

Шумори зиёди кушта ва захмиҳо дар зиндони Ваҳдат. Зайд Саидов осеб надидааст

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём шумори кушташудагон ва захмиён дар натиҷаи задухӯрд дар зиндони шаҳри Ваҳдат маъруф ба “Кирпичний” хеле зиёд аст. Манбаъ бо истинод ба як корманди зиндон гуфт, ки ба Зайд Саидов осебе нарасидааст. Имкони тафтиши ин хабар аз манобеъи дигар муяссар нашуд.

Манбаъ ҳади ақал чаҳор мошини ёрии таъҷилиро мушоҳида кардааст, ки ҳар 15-20 дақиқа ба зиндон ворид ва хориҷ мешаванд.

Як манбаъи дигар дар баромадгоҳи шаҳри Душанбе чаҳор мошини ҳарбии ҳомили нафарони ниқобпӯшро дидааст, ки бо суръат ҷониби шаҳри Ваҳдат ҳаракат мекарданд.

Соате пеш радиои Озодӣ хабар дод, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат задухӯрд сар задааст. Тибқи гуфтаи манбаъи “Озодӣ”дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон даргирӣ байни аъзои маҳкумшудаи «Ҳизби Таҳрир» ва зиндонбонҳо шоми 19-уми май иттифоқ афтод.

Дар бораи қурбониён манобеи ғайрирамсӣ гузориш доданд, аммо мақомот шумораи захмиён ва ё кушташудаҳоро эълон накардаанд. Сабабҳои ҳодиса ва ҷузъиёти он низ дақиқ нест. Мақомоти расмӣ то ба ҳол ҳодисаро тасдиқ ё рад накардаанд.

Сойти “Ахбор” низ иттилоъ дод дар пайи ин ҳодиса дар саросари Душанбе ва атрофи он тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда шуда, сари ҳар қадам посгоҳҳои ОМОН ва БДА гузошта шудаанд.

Дар ин зиндон, ки  дар минтақаи Роҳатии шаҳри Ваҳдат қарор дорад, ҳудуди 1500 маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд. Зиндониёни сиёсӣ ҳам дар ин зиндон бештар аз зиндонҳои дигар гуфта мешаванд.

Аз ҷумла Зайд Саидов,  Қиёмиддин Аваз, Абдуқаҳҳори Давлат, Эшони Саъдиддин, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Мақсуд Иброҳимов, Эшони Абдусаттор ва ғайра дар ҳамин зиндон қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *