Рубрики Хабарҳо

Шойгу гуфт баъди 2 сол сомонаи С-300-ро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад

Баъди ду сол, пас аз омода шудани мутахассисони маҳаллӣ, Русия системаи мушакии зиддиҳавоии С-300-ро дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегузорад.

Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия  дар ҷаласаи солонаи ҳайати раёсати Вазорати мудофиа, ки  рӯзи 24 декабр бо ширкати Президент Владимир Путин баргузор шуд, эълон кард.

Ба гуфтаи Сергей Шойгу, дар авохири соли  ҷорӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дивизиони системаи мушакии зиддиҳавоии С-300 ПС фаъол гардидааст.

Системаи мушакии зиддиҳавоии С-300 тавоноии нобудсозии ҳавопаймоҳои муосири низомӣ, бо шумули ҳавопаймои низомии ноаёни “Стелс”, мушакҳои балластикии миёнбурд, мушакҳои болдор ва ғайраро дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *