Рубрики Хабарҳо

БОР ба Тоҷикистон $43 млн грант медиҳад

Бонки Осиёии Рушд барои беҳбуди амният ва эътимоднокии роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон ба маблағи 43 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ гранти изофиро тасдиқ кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари Бонки Осиёии Тавсеъа дар ҶТ, як бахше аз ин кумаки бемузд барои тавсеаи дастрасии занон ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равона хоҳад шуд.

Бонки Осиёии Рушд ин кумакро барои беҳбуди долонҳои асосии байналмилалии роҳ кумаки ҳамаҷониба унвон кардааст.

Дар гузориш зикр мегардад, ки гранти иловагӣ барои тармими қитъаи 40-километрии роҳ аз Окмазор то Бохтар дар минтақаи сераҳолии Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон масраф мешавад.

Бонки Осиёии Рушд бузургтарин донори молии бисёрҷонибаи Тоҷикистон аст, ки аз соли 1998 ба ин сӯ ба ҷумҳурӣ беш аз 2,5 миллиард доллар, аз ҷумла беш аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ кумаки молӣ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *