Рубрики Хабарҳо

АМАЛҲОЕ, КИ БАРОИ ШАХСИ РӮЗАДОР ҶОИЗ АСТ

  1. Ғусл кардан, дохил шудан ба об ва  шино кардан барои шахси рӯзадор ҷоиз аст.  Ба рӯзааш ягон нуқсон эҷод намекунад.

Дар ҳадиси Аҳмад омадааст, ки баъзе асҳоб мегӯянд:

Ман паёмбарро дидам, ки дар рӯзадориашон аз шиддати гармиву ташнагӣ ба сарашон об мерехтанд.

Ҳазрати Оиша низ мегӯянд:

Паёмбар баъзе рӯзҳо дар ҳоле, ки ҷунуб буданд, рӯза мегирифтанд, сипас ғусл мекарданд. (Бухорӣ ва Муслим)

2) Ба чашм сурма кардан низ ба рӯзадор ҷоиз аст. Инчунин қатраҳои дорӯ чаконидан ва ё малҳам молидан ба чашм рӯзаро фосид намесозад.

Дар осори саҳобагон омадааст, ки Ҳазрати Анас дар рӯзадорӣ ба чашмонашон куҳл мемолиданд.

3)   Сузандоруҳое, ки ҷисми инсонро қавӣ намесозад ва ҳамчун ғизо ҳисобида намешавад, рӯзаро фосид намекунад. Аммо сӯзандоруҳое, ки ҳамчун ғизо ва ё барои тақвияти ҷисм истифода мешавад, рӯзаро ботил мекунад.

4)  Барои шахси рӯзадор ҷоиз аст, ҳиҷома кунад. Ҳиҷома гуфта аз пусти  инсон хун гирифтанро мегӯянд. Аз ҷисми инсон хунгирӣ, хоҳ аз пӯст бошад, хоҳ аз рагҳо рӯзаро ботил намекунад.

Марде аз ҳазрати Анас пурсид оё дар замони Расулаллоҳ ба шахси рӯзадор ҳиҷома кардан, макрӯҳ дониста мешуд?

Ҳазрати Анас гуфтанд: Не барои рӯзадор ҳиҷома боке надошт, магар ин, ки инсон беқувват бошад, барои шахси беқувват макрӯҳ дониста мешуд, то боз ҳам заъифтар нагардад.

5)  Ба биниву даҳон об гирифтан низ рӯзаро ботил намесозад. Аммо то гӯлӯ обро расонидан макрӯҳ аст, барои он ки шояд аз ҳалқ гузашта рӯзаро ботил созад. Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар гуфтанд:

فاذا استنشقت فابلغ الا ان تكون صائما

Ҳар вақто, ки ба бинӣ об мегирӣ ба хубӣ бинаатро обгардон кун, магар ин, ки рӯзадор бошӣ. Дар вақти рӯзадориат то охири бинӣ об нагир. (сунани Тирмизӣ)

Аммо аз роҳи бинӣ, агар чизе ба дохил равад, дар назди аксари аҳли илм рӯза ботил мегардад.

Аммо чизҳое, ки беихтиёр аз роҳи бини ва ё даҳон инсон фурӯ мебарад,  мисли оби даҳон, чанг, ғубои орд рӯзаро фосид намесозад. Барои он, ки инсон аз ин чизҳо худро нигоҳ дошта наметавонад.

6) Буй кардани хушбӯи ва ё умуман тамоми бӯйҳо низ ба рӯза зарар надорад. Инчунин ба пӯст ва ё мӯй чизе молидан ба миси равған ва ё малҳам, ва ё атру хушбӯи истеъмол кардан барои рӯзадор ҷоиз аст. Барои он ки дар ягон ҷой ҳадисе ворид нашудааст, ки равған кардани мӯй ва ё хушбӯи рӯзаро ботил месозад.

7) Шахси рӯзадор метавонад, агар ҷунуб бошад, ғусл накарда рӯза гирад, чуноне, ки дар ҳадиси Оиша гуфта гузаштем, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам рӯза мегирифтанд, дар ҳоле, ки ҷунуб буданд, ва ҳангоми субҳ пеш аз ба намоз баромадан, ғусл мекарданд.

Занҳое, ки аз ҳайз ва ё нифос қарибии саҳар пок мешаванд, боке нест, ғусл накарда рӯза гиранд ва пас аз саҳархурӣ ғусл кунанд . Ғусл кардан аз ҳайзу нифос ва ё ҷанобат аз рукнҳои рӯза неву аз шартҳои намоз мебошад.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *