Рубрики Хабарҳо

Вазир иддаои ду баробар шудани рушдро кард. Омор баръаксашро мегӯяд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир иддао кард дар 5 соли ахир рушди воқеии саноати Тоҷикистон 2 баробар шудааст. Дар ҳамин ҳол ӯ оморе дар ин бора ироа накарда аммо гуфтааст дар кишвар барои саноатикунонии босуръат, ки ҳадафи чоруми стратегии рушди миллӣ эълон шудааст, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Вазири саноат рӯзи сешанбе, 18 апрел дар маросими анҷоми лоиҳа оид ба Барномаи сиёсати инноватсионӣ иддао кардааст “ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, заминаи ҳадафноки мавҷудаи кишвар барои ҳарчи зудтар ва босифат ба ҳадафҳои пешбинишуда расидан имкон медиҳад”.

Коршиносон аммо мегӯянд ҳеҷ рушди чашмрасе дар саноат мушоҳида намешавад. Онҳо мегӯянд рушди саноат, он ҳам ду баробар шудани ин рушд, бунёди корхонаҳои нав ва афзоиши чашмраси ҷойҳои кориро дар пай дорад, ки ҳеҷ кадоме дида намешавад. Баръакс, бинобар беокрӣ, ҳиҷрати саросарӣ ба Русияи ҳоло ҷангзада афзоиши бесобиқа дошт. Зоҳиран иддаои вазир ба афзоиши истихроҷи маъданҳо ва содироти бебаркаши онҳо бармегардад, ки дар ду-се соли охир иттифоқ афтодааст. 

Ду соли охир буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз аз фурӯши маъодин барзиёд иҷро мешавад, аммо ҳатто дар ҳамин ҳол, тибқи додаҳои омори расмӣ, соли 2022 ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 17% ва бахши кишоварзӣ — 24,6%-ро ташкил дод. Як сол пеш ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 18,2% ва 24,1% баробар буданд. 

Мақомоти Тоҷикистон, шурӯъ аз раисҷумҳур то поёнтарин мансабдор, дар додани омори бардурӯғ кӯтоҳӣ намекунанд. Борҳо изофанависӣ ва дурӯғ будани оморҳо собит ва расонаӣ шудааст, аммо ҳар мансабдор дар ҳар нишасташ аз рушду пешрафт лоф мезанад, ки баъдан маълум мешавад оморҳои ироакардааш дасткоришудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *