Рубрики Хабарҳо

Оғози нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар. Эрон ва Русия аз мавзӯъҳои ин иҷлос

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар ифтитоҳияи панҷоҳу дувумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар Русияро ба хотири ҳамла ба Укроин ва куштори ғайринизомиён маҳкум кард. Вазири хориҷаи Олмон дар остонаи ширкат дар ин нишаст ба нақзи ҳуқуқи башар аз ҷумла дар Эрон ишора кард. 

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал рӯзи душанбе 27 феврал дар суханронии худ дар ифтитоҳияи панҷоҳу дувумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар Женева ба ҷанги Укроин ишора кард ва гуфт: “таҳоҷуми Русия ба Укроин мунҷар ба густурдатарин нақзи ҳуқуқи башарь шудааст, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем. Боиси марг, вайронӣ ва оворагӣ дар шакли васеъе шудааст”. 

Ӯ афзуд: “ҳамалот ба ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ ҷони бисёреро гирифта ва боиси ранҷу азоби ваҳшатнок шудааст. Даҳҳо мавриди хушунати ҷинсӣ нисбат ба занон ва духтарон сабт шудааст.” 

Гутерриш илова бар ин ба нақзи ҷиддии қавонини байналмилалии башардӯстона ва ҳуқуқи асирони ҷангӣ ишора кард ва гуфт: “садҳо маврид аз нопадид шудани иҷборӣ ва боздошти худсаронаи ғайринизомиён мустанад шудааст.” Ӯ ҳушдор дод, ки риояти ҳуқуқи башар дар ҳоли “пасрафт” аст ва бояд барои он талош кард. 

Шӯрои ҳуқуқи башар бо 47 кишвари узв қарор аст дар мавриди тамдиди маъмурияти комиссияи Созмони милал тасмим бигирад, ки ҷиноёти ҷангӣ дар Укроинро мустанад мекунад. Имсол аввалин маншури ҳуқуқи башар 75 сола мешавад ва бо вуҷуди ин ба гуфтаи дабири кулли Созмони милал ин ҳуқуқ барои мақосиди сиёсӣ мавридӣ сӯъистифода қарор мегирад ё нодида гирифта мешавад. 

Анналена Барбек, вазири хориҷаи Олмон низ қабл аз сафараш ба мақари Созмони милал дар Женева бар аҳамияти халъи силоҳ ва контроли таслиҳот таъкид кард. Ў субҳи душанбе бо ишора ба ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Укроин гуфт: “дар замоне, ки як қудрати ҳастаӣ усули асосии маншури Созмони милалро нақз мекунад, ҷаласоти музокира монанди конфронси халъи силоҳи Женева беш аз ҳар замони дигаре аҳамият дорад.” 

Фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, Кореяи шимолӣ ва Русия 

Вазири хориҷаи Олмон таъкид кард: “халъи силоҳ ва контроли таслиҳоти сангин бинои амнияти мо ҳастанд. Мо наметавонем ба чанд кишвар иҷоза диҳем бо тазъифи қавонине, ки ба нафъи ҳамаи мо ҳастанд, амнияти ҳамаро ба хатар биандозанд.” 

Барбек рӯзи душанбе дар конфронси халъи силоҳи Женева суханронӣ кард. Ў ҳамчунин яке аз суханронони ифтитоҳияи панҷоҳу дувумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар Женева буд. Нишасти чандҷонибаи маҷмаъ дар бораи контроли таслиҳот дар баҳбуҳаи таҳдидоти ҳастаии Русия ва афзоиши нигарониҳо дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ва Кореяи шимолӣ баргузор мешавад. 

Вазири хориҷаи Олмон бо интиқод аз “зери по гузоштан”-и ҳуқуқи башар дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон гуфт нақзи ҳуқуқи башар “сарфи назар аз ин ки дар манотиқи таҳти ишғоли Русия дар Укроин ё дар Эрон, Афғонистон ё нуқоти дигар рух диҳад, мо дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал онро беадолатӣ меномем ва хостори посухгӯйи мешавем.” 

Барбек гуфт, ки Шӯрои ҳуқуқи башар механизми таҳрим надорад ва “пешрафти мо ағлаб кунд ё кӯчак ба назар мерасад” аммо “ҳар қатънома, ҳар комиссияи таҳқиқ ва ҳар гузоришгар санге аст, ки девори байни ҳақ ва ботилро маҳкам мекунад.” 

Як сол пеш, Шӯрои ҳуқуқи башар тасмим гирифт то як комиссияи таҳқиқ барои баррасии нақзи ҳуқуқи башар ва нақзи қавонини байналмилалии башардӯстона ва таъмини мадорик барои муҳокимаи нақзкунандагон ташкил диҳад. Маъмурияти комиссия ибтидо ба як сол маҳдуд буд, аммо Олмон хостори тамдиди он ба муддати як соли дигар аст. 

Дар моҳи ноябри соли гузашта Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар як ҷаласаи вижа тасмим гирифт то таҳқиқоти мустақилеро дар бораи рафтори хушунатомези мақомоти Эрон дар қиболи мӯътаризон анҷом диҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *