Яке аз хотироти талхе, ки мардум аз Шӯравӣ дорад ин аст, ки мақомот мардумро маҷбурӣ дар замини колхозҳо кор мефармуд. Дар аввал новобаста аз касбу кор ва дар дилхоҳ барои мақомот вақт, дар охир вақти пахтачинӣ.
Ба назар мерасад Тоҷикистон ба ҳамон давраи аввали сохтмони сотсиализм баргаштан дорад. Аввалин хабарҳо аз корфармоии мардум дар заминҳое, ки аз нав давлатӣ карда шудаанд, мерасанд.
Вақте дар масҷиди деҳаи Чуқураки болои ноҳияи Ҳисор бригадир бо раиси маҳалла Икром писари Назрихӯҷа эълон кард, ки минбаъд аз ҳар хонавода як нафар ҳаррӯза бояд дар заминҳои колхоз (расман хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳайдар Миров) кор кунад, мардум шӯхӣ пиндоштанд. Вале маълум шуд “раис” комилан ҷиддӣ мегӯяд. Ҳатто гуфт “фарқ надорад узви колхоз ҳастӣ ё не! Бояд як нафар аз як оилаи деҳа дар замин ҳаррӯза меҳнат кунад!”
Ҷазоро ҳам эълон кард: касе ба кор дар колхоз намебарояд замини наздиҳавлигиашро чен мекунем, агар як ваҷаб аз нақша бештар аст, ҳам заминашро мегирем ҳам худашро ба ҷавобгарӣ мекашем. Агар ба нақша мувофиқат мекунад, парво накунед, ягон айби дигараш пайдо мешавад.
Каффораи қазо кардани кор дар колхозро ҳам: ҳар касе баромада натавонист, бояд 25 сомон супорад, то колхоз тавонад ба ҷои ӯ нафари дигареро аҷир кунад. Ё худаш нафареро ба ҷояш киро кунад.
Илоҷи мардуми деҳеҳоеро ҳам, ки пахта надоранд, пайдо кард: бояд бираванд ва дар деҳаҳои пахтакор кор кунанд.
Мардум тасмим гирифт аз бедодии Икрому бригадир ба раиси калон, “раисбобо” — раҳбари колхоз, аниқтараш хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳайдар Миров (чаро ба номи Ленин не?) — Маҳмадалӣ Қувватов шикоят барад. Вале тушбераро хом шумурда буд. Раиси калон ҳам қарори нави колхозро тасдиқ кард ва таҳдид ҳам кард, ки мабодо касе нофармонӣ кунад.
Билохира сабаби таъини раисони бригадирҳо аз маҳаллаҳои дигар ва таъини раисони маҳалла аз нохалафон (падару амаки ҳамин Икром ҳам борҳо ба мардуми деҳа хиёнат кардаанд) барои мардум маълум шуд: чун яке бегона асту дигаре нохалаф, метавонад ҳар қадар, ки хост болои мардум зулм кунад.
Ҳоло мардуми деҳаҳое, ки дар ҳудуди ин колхоз ҷойгир шудаанд каланд дар даст ҳар субҳ ба сохтмони сотсиализм мераванд ва бегоҳ ба капитализм бармегарданд.