Рубрики Хабарҳо

Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон

Дар ҷараёни як амалиёт дар Қазоқистон ба хотири “пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ” даҳҳо муҳоҷири тоҷикро тафтишу боздошт ва дар “утоқҳои тангу бидуни шароит” нигоҳ доштаанд.

Ин ҳодиса рӯзи 21-уми феврали моҳи гузашта руй додааст ва “камаш 52 нафарро” ба мошинҳо бор карда бурдаанд.Онҳоро дар боздоштгоҳ дар шароити бад ва бо шиками гурусна чанд рӯз нигоҳ доштанд.

Як муҳоҷир ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “52 муҳоҷир дар утоқе шабро рӯз мекарданд, ки аслан барои 16 нафар пешбинӣ шуда буд. Як нон ва як коса хӯрокро бояд чор кас бо ҳам медиданд”.

Пулиси шаҳри Алмато рӯзи 27-уми феврали имсол дар сомонааш дар бораи амалиёти “Муҳоҷир” ва натиҷаҳои аввалини “назаррас” хабар дод.

Дар он гуфтаанд, дар давоми чаҳор рӯз 689 нафарро ба гуноҳи нақзи қонунҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 83 нафарро аз кишвар ронданд. Навори чӣ гуна берун кардани зиёда аз 30 муҳоҷири тоҷику узбек аз ин кишвар низ дар ҳамин сомона нашр шудааст.

Гуфтанист, Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад,  теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон на кам аз 100 ҳазор нафар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *