Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле дар тамоми расонаҳои ҳукуматӣ ва нимаҳукуматӣ “ошӯб”-и Гулчеҳра Шодмоноваро таблиғ мекунанд, ки гурӯҳи соҳибкорони суғдиро барои дархости иҷозати гирдиҳамоӣ ба идораи пулис бурдаанд.
Рӯзи 8 декабр чанд соҳибкори бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия бурданд. “Гуноҳ”-и ин соҳибкорон ин буд, ки онҳо аз раиси вилояти Суғд барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд иҷозат хостанд.
Тибқи гузориши сойти “Ахбор”, 24 соҳибкори ин бозор рӯзи 5 декабр аз ҳукумати вилоят хостанд, ки барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар рӯзҳои 16-18 декабр иҷозат диҳад. Онҳо талаб доранд, ки раиси ноҳия Комил Салимзода барои бастани бозори марказӣ ва маҷбуран ба бозори додараш кӯчондани соҳибкорон ба ҷавобгарӣ кашонда шавад.
Як сол қабл раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бозори марказии ин ноҳиро баст ва аз соҳибкороне, ки дар он ба тиҷорат машғул буданд талба кард то дӯконҳояшонро ба бозори наве, ки ба додараш таъаллуқ дорад, кӯчонанд. Аммо соҳибкорон ин талаби раиси ноҳияро нақзи ҳуқуқашон медонанд ва ҳамчунин мегӯянд, ки шартҳои Салимзода қобили қабул нест.
Ҷои баррасии дархосташон соҳибкорони суғдӣ ба идораи пулис бурда шудаанд ва манбаъ ҳам номи чанде аз онҳоро зикр кардааст. Аз ҷумла Азизбек Юлдошев, Бахтиёр Алиқулов, Мухтор Пулотов ва ғайра.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои ҳукуматӣ “ошӯби кампирҳо”-ро таблиғ мекунанд.
Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусаломов — саркардаи гурӯҳи ҳамлагар ба сайёҳон дар Данғара эълон кардааст 500 нафарро барои “ошӯбе, ки таърих ёд надорад” ҷамъ хоҳад кард. Ин ошӯбгарон тибқи гуфтаи Шодмонова “волидайни фарзандоне, ки… дар давлатҳои ҷангзадаи Сурия, Ироқ ва Афғонистон қарор доранд” мебошанд.
Шодмонова аз сафоратхонаҳои Олмон ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон талаб кардааст, ки “барои пешгирӣ намудани баргузории ин тазоҳурот ва имконияту шароит фароҳам наовардан ба ташкилкунандагони ин гирдиҳамоӣ мусоидат намояд”.
Ӯ таҳдид кардааст дар акси ҳол “дар назди сафоратхонаи кишвари Олмон ва Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунон ошӯб ва аланга ба амал орем, ки таърих онро ёд надорад” — таҳдид кардааст ӯ.
Ин муроҷиати Шодмонова дар расонаҳои ҳукуматӣ ва нимаҳукуматӣ бозтоби густардае ёфтааст. Аммо расонаҳои озод тазоҳуроти Шодмоноваро “Ошӯби кампирҳо” номгузорӣ кардаанд
“Ошӯби кампирҳо” алайҳи тазоҳуротест, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ ба рӯзи 10 декабр дар Олмон эълон кардааст. “Кампирҳо” аз ҳукумати Олмон талаб доранд, ки ба ин тазоҳурот иҷоза надиҳад.
Баргузории гирдиҳамоиву тазоҳуроту раҳпаймоӣ ва дигар шаклҳои эътироз дар Тоҷикистон бар асоси Қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта”, ки соли 1994 қабул шудааст, танзим мешавад. Бар асоси ин қонун, ташаббускорон бояд аз мақомоти маҳаллӣ барои баргузории чунин намоишҳои эътирозӣ аз пеш иҷозат бигиранд. Вале тақрибан аз поёни солҳои 90 ба ин тараф, дар Тоҷикистон барои гузарондани ягон намоиши эътирозӣ расман иҷозат надодаанд.
Қаблан ҳам Шодмонова тазоҳур карда буд. Ӯ ба эътироз ба ширкати Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси САҲА ба сараш моеъи монанд ба бензинро рехт вале пулис нагузошт “худро оташ занад”. Баъдан расонаҳо иттилоъ доданд Шодмонова ва он ду пулис саҳнаи бензинрезиро ду рӯз дар идораи пулис машқ кардаанд