Нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ба поён расид. Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе гуфтааст кишварҳо дар ин нишаст ба талош барои оштии миллӣ дар Афғонистон ва бар ташкили ҳукумати фарогир таъкид карданд. Русяи дар ҳоле барои “оштии миллӣ” дар Афғонистон нишаст баргузор мекунад, ки худаш ба Укроин ҳамла карда ва ин кишварро ба хоку хун кашидааст.
Замир Кобулов дар вокуниш ба интиқоди Толибон, ки ба ин нишаст даъват нашуданд, гуфт, ки барои мо кишварҳои минтақа муҳим буд. Маълум нест аъзои ин нишаст чи гуна бе ҳузури Тоҷибон мехоҳанд ҳукумати оштии миллӣ барпо кунанд.
Ин чаҳорумин нишаст дар бораи Афғонистон мавсум ба «Формати Маскав» буд. Дар севумин нишаст, ки дар октябри соли 2021 баргузор шуда буд, ҳайате аз Толибон ҳам ҳузур доштанд.
Замир Кобулов пас аз поёни нишасти рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ширкаткунандагон дар нишасти соли гузашта бар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон исрор доштанд, аммо ин амр ҳанӯз бароварда нашудааст.
Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд дар поёни нишасти рӯз чаҳоршанбе баёнияи муштараке ҳам тавассути ширкаткунандагон ба тасвиб расидааст.
Дар ин нишаст намояндагони Русия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳузур доштанд. Ин кишварҳо аз аъзои «Формати Маскав» ҳастанд. Намояндагони Қатар, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Арабистони Саудӣ ва Туркия ба унвони нозир ба ин нишаст даъват шуданд.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Русия омадааст, ки ҳама кишварҳо зимни бо аҳамият хондани ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон, ки мунъакискунанда манофеъи ҳама гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ бошад, бар решакасозии таҳдидоти террористӣ, маводи мухаддир ва дигар таҳдидоти ношӣ аз ин кишвар таъкид карданд.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия пештар гуфта буд натоиҷи ин нишастро ба Толибон хоҳанд гуфт.
Бо фарқ аз нишастҳои қаблӣ, кишварҳо намояндагони сатҳи поёнтаре ба ин нишаст ирсол карда буданд. Коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба дар инзивои байналмиллалӣ қарор гирифтани Русия мегӯянд ин гуна нишастҳо кӯшиши Маскав барои нишон додани ин аст, ки ҷойгоҳаш дар сиёсати байналмиллалиро ҳифз кардааст ва дар асл «Формати Маскав» дигар аҳамияташро гум кардааст.
Намояндаи Тоҷикистон ҳам, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, аз поймолшавии ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Хабаргузории расмии ТАСС навиштааст, Вафо Ниятбекзода, сардори раёсати таҳқиқоти стратегии ВКХ-и Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи машваратии Маскав оид ба Афғонистон, рӯзи 16-уми ноябр гуфта, ки “мо борҳо дар заминаи шикори ҳамаҷонибаи тоҷиктарборҳо изҳори нигаронӣ кардаем, ки ба таври барҷаста дар вилояти Панҷшер, шаҳри Кобул ва чанд ноҳияи шимоли Афғонистон мушоҳида мешавад. Ҳамарӯза дар Афғонистон бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тоҷикон кушта мешаванд”
Ниятбекзода афзудааст, «мо зидди нақзи ҳуқуқи гурӯҳҳои қавмии мухталиф, занон, собиқ низомиёни ҳукуматӣ ва аҳли фарҳанги Афғонистон қотеона садо баланд мекунем».
Нигаронии корманди аршади ВКХ Тоҷикистон аз фишору куштори тоҷикони Афғонистон аз ҷониби ҳукумати Толибон дар ҳолест, ки ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири дигарандешияшон аз фишору тазйиқи мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон сар ба гурез шуда, ба чандин кшварҳои ҷаҳон паноҳанда шудаанд.