Володимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, дар видеоҳои рӯзонааш аз ҳамалоти ҷадид алайҳи нерӯҳои Русия дар дохили Укроин хабар дод. Ў дар охирин паёми видеоияш гуфт: “шояд ба назар бирасад, ки баъд аз як пирӯзии бадастомада, ҳоло муддате набард ором хоҳад буд, аммо чунин нест ва оромие вуҷуд нахоҳад дошт.”
Ба гуфтаи Зеленский омодагӣ барои ҳамалоти баъдӣ бо ҳадафи бозпасгирии Мариупол, Херсон ва Меллитопол дар ҳоли анҷом аст.
Зеленский эълом кард барномаи Укроин танҳо бозпасгирии манотиқи ишғолшуда аз 24 феврал ба баъд нест, балки манотиқе дар шарқи ин кишвар, ки тавассути ҷудоииталабони мавриди ҳимояти Русия идора мешаванд ва низ шибҳиҷазираи Крим, ки аз сол 2014 ба ишғоли Русия даромада, бояд пас гирифта шаванд.
Зеленский тасреҳ кард: “тамом Укроин бояд озод шавад.”
Аз оғози ҳамлаи Русия ба Укроин дар 24 феврал то кунун бахши бузурге аз хоки ин кишвар дар ҷанубу шарқ ба ишғоли нерӯҳои русӣ даромадааст. Дар ҳоли ҳозир Маскав ҳудуди 125 ҳазор километри мураббаъ аз хоки Укрринро дар тасарруфи худ дорад, ки Крим низ шомил мешавад. Ин ҳаҷм муодилм як панҷумм куллм хокм Укроин аст.
«Музокира бемаъност»
Мушовири раисҷумҳури Укроин гуфтааст дар шароитт кунунӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ҷиноётт ҷангӣ аз сӯи сарбозони Русия музокира бемаъност.
Михаил Подоляк гуфтааст: “кӯтоҳ бигӯям, раванди музокира, ки дар он дидори руасои ҷумҳурӣ сурат бигирад дар шароити кунунӣ бемаъност.”
Ӯ барои ин ҳарфаш се далел овардааст: нахуст он ки дар сурати анҷоми музокирот, Русия талош хоҳад кард то манотиқи ишғолшударо ҳифз карда ва ба ин тасарруф машрӯъияти қонунӣ бидиҳад.
Дувум он ки ин музокирот метавонад барои Маскав фурсати таҷдиди қувваҳоро фароҳам кунад то ҳамалоти худро дар ҷабҳаи ҷадид идома диҳад ва севум ин ки Русия бояд дар қиболи ҷиноёти муртакибшуда дар Укроин посухгӯ бошад.
Мушовир ва сухангӯи Зеленский таъкид карда, ки музокира замоне мумкин аст, ки нерӯҳои Укроин манотиқи ишғолшударо пас гирифта бошанд. Ба гуфтаи ӯ дар он замон метавон дар бораи пардохти ғаромат ва ҳамчунин таҳвил додани ҷинояткорон ҷангӣ гуфтугӯ кард.