Дар сурати пирӯзӣ дар нимфиноли Лиги қаҳрамонии Осиё ба тими саъудии “Ан-Наср”, ки ба масофи “Персполис”-и Эрон меравад ҷоизаи миллиардӣ ваъда шудааст.
Хабаргузории ИСНО навиштааст, ки ба бозигарони бошгоҳи “Ан-Наср” дар сурати шикасти “Персполис” “ваъдаи подоши миллиардӣ” додаанд.
Вазири варзиши Арабистон ба бозикунони “Ан-Наср” қавл дода, ки жар сурати шикасти “Персполис” ва расидан ба финол, ба ҳар як аз онҳо сад азор риёли Саъудӣ подош диҳад.
“Ан-Наср”-и Арабистон дар як-чаҳорум ниҳоии Лиги қаҳрамонони Осиё тавонист бо ду гол “Ал-Аҳли”-ро шикаст диҳад. “Ан-Наср” бо пирӯзӣ дар ин дидор ба нимфинол роҳ пайдо кард, то рақиби “Персполис” шавад.
Вазири варзиши Арабистон билофосила баъди пирӯзии “Ан-Наср” бар “Ал-Аҳлӣ” бо раиси бошишгоҳи “Ан-Наср” тамос гирифт ва пирӯзии ин тимро табрик гуфт.
Бо гузориши ИСНО бо дар назар гирифтани қимати риёли Арабистон дар бозори Эрон, дар сурати пирӯзии “Ан-Наср” бар “Персполис”, ҳар як бозигари ин тим беш аз як миллиард риёли эронӣ подош хоҳад гирифт.