Рубрики Хабарҳо

Бархе маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон арзон шудаанд

Нархи як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду равған ва шакар дар Тоҷикистон каме поин рафт. Дар муқоиса бо аввали моҳи август як халтаи 50-килоии орди навъи 1-ум дар ярмаркаҳои Душанбе аз 360 сомонӣ то ба 290 сомонӣ фаромад. Дар бозорҳо бошад ҳоло нарх то 340 сомонӣ арзон шуд.

Тибқи мониторинге, ки  хабаргузории АзияПлюс кардааст,  як халта орди навъи дуюмро вобаста ба истеҳсолкунанда “Тоҷикматлубот” бо нархи 230-260 сомонӣ фурӯхта, дар бозорҳо он то 310 сомонӣ нарх дорад.

Як халта орди дурушти истеҳсоли маҳаллӣ 210 сомонӣ арзиш дошта, дар бозорҳо нархи он аз 240 сомонӣ зиёд нест.

Нархи 5 литр равғани растанӣ аз 140 сомонӣ то 125 сомонӣ поин рафта, дар ярмаркаҳо 5 литр равған 110 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Як кило маснуоти макаронӣ дар ярмаркаҳо 7 сомонӣ (дар мағозаҳо — 10-12 сомонӣ), шакар — 9,5 сомонӣ (дар мағозаҳо — 10-11 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Гӯшти гов дар ярмарка 55 сомонӣ (барои 1 кило) ва дар бозор — 63 сомонӣ нарх дорад. Аммо дар ярмаркаҳо гӯшти босифат нест ва онро дар бозор бо арзиши 67-70 сомонӣ харидан мумкин аст.

Сабаби поинравии нарх ба маҳсулоти асосии хӯроквориро мақомот зиёдшавии захира ва воридоти онҳо ва ба маҳсулоти кишоварзӣ — мавсими ҷамъоварии ҳосил маънидод мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *