Ҳазорон парвози ширкатҳои мусофирбарӣ ба далели шуйӯъи вируси коруно дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон лағв мешаванд.
Тавсияи давлатҳо ба мардум барои нарфтан ба сафар ва дархости ширкатҳо аз коркунони худ барои кор аз хона, боиси коҳиши мизон сафарҳо шудааст, менаисад ВВС.
Лағви ин парвозҳо боис шуда хисороти зиёде ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ворид шавад.
Ширкати Раян Эйр тамоми парвозҳои худ ба мақсади Итолиёро то 8 апрел лағв карда ва Бритиш эйрвейз ҳам гуфтааст то 4 апрел ба Италия сафар намекунад.
Наруҷин эйр ҳам гуфтааст дар се моҳи оянда се ҳазор парвози худро, ки болиғ бар 15 дарсади ғунҷоиши парвози ин ширкат аст, лағв мекунад. Ин ширкат ҳамчунин ба таври муваққат “бахши қобили таваҷҷуҳе” аз нерӯи кори худро ихроҷ мекунад.
Мудири иҷроии ин ширкат гуфтааст бо иттиҳодияҳо бар сари ихроҷи муваққати кормандони ин ширкат аз ҷумла хадамаи парвозӣ ва коркунони дафтарҳо ворид музокира шудааст.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои сафар ба бархе нуқот аз ҷумла Чин, Итолиё, Эрон ва Кореяи ҷанубӣ бо маҳдудиятҳое мувоҷеҳ будаанд. Бархе ширкатҳо сафар ба ин манотиқро ба таври комил мутаваққиф кардаанд, аммо дар кулл мизони сафар дар саросари ҷаҳон коҳиш ёфтааст.
Бархе ширкатҳои мусофирбарӣ дар чунин шароите ба парвозҳои худ дар ҳоле, ки холӣ аз мусофир будаанд идома додаанд. Далелӣ чунин коре ҳифзи мавқеияти парвози ин ширкатҳо будааст.
Тибқи муқаррароти Иттиҳодия Аврупо, ин ширкатҳо маҷбур будаанд ба хадамоти худ дар масирҳои серодам идома диҳанд ё ҷойм худро дар ихтиёрм ширкатҳои дигар қарор диҳанд.
Аммо Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба таври муваққат метавонанд сафарҳои холӣ аз мусофирро бидуни аз даст додан ҷойгоҳӣ худ мутаваққиф кунанд.
Шуйӯъи вируси коруно боис шуда хисороти зиёде ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ворид шавад.
Ширкати ҳавопаймоим “Қонтос”-и Устролиё гуфтааст 25 дарсад аз парвозҳои байналмиллалии худро кам мекунад. Ин ширкат мегӯяд ба далели нигаронӣ аз вирусӣ коруно, дархост барои парвоз бо ин ширкат коҳиш ёфтааст.
Қонтос ва Ҷитост эйр, хутути ҳавопаймоии арзони мутааллиқ ба он гуфтаанд ба ҳамин хотир барои шаш моҳ парвозҳои худро кам мекунанд.
Ахиран анҷумани байналмилалии ҳамлу нақли ҳавои ИАТА хоҳони кӯмак ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ шуд.
Ин анҷуман ҳамчунин эълом кард, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар соли ҷории мелодӣ эҳтимолан 29 миллиард доллар зарар хоҳанд кард.