Categories Хабарҳо

Вақте хомӯш истоданат фоидае надорад…

Вақте хомӯш истодан ва дур рафтанат аз сиёсату ҳангомаҳои расонаҳо фоида надорад, роҳе ҷуз шикастани ғурурат ё мавриди ҳадаф қарор гирифтанат нест. Бояд шикаста шавӣ, ғуруратро бишкананд ва таҳқир шавӣ ва бояд туро хурд кунанд, дар ҳоле ки коре ба зулму ситамашон надорӣ. Ҳамин ки солҳое пеш дар мухолифат қарор доштӣ ва аз сиёсатҳояшон ба таври сареҳу ошкор тарафдорӣ намекунӣ, хомӯш истоданат барояшон кофӣ нест. Бояд туро хурду тавҳин кунанд. Ҳамин аст вазъият дар кишварҳое ки диктотурӣ ба авҷи аъло расидааст.

Вақте ғуруратро мешикананд ва онро бозтоби густурда медиҳанд, ин барояшон лаззатбахш аст ва аз ин кор роҳат мекунанд, вале фаромуш кардаанд, ки бо шикастани ғурури ту нафрати наздиконат ва нафрати беонҳам зиёди дигар озодандешонро меафзояд. 

Пеш аз ту, на танҳо ғурури дигар шахсиятҳо ва чеҳраҳои бонуфузро шикастанд, балки баъзеҳоро ҷонҳояшонро гирифтанду баъзеи дигарро ё равонаи зиндон карданд ё табъид. Ҳатто баъзе зиндониёнро бо вуҷуди инки онҳоро таҳқиру хурд карданд ва молу мулкашро тороҷ карданд, боз маҷбурашон карданд, ки бо имзои худ ғурурашонро бишкананд ва боз онҳоро хурдтар кунанд. 

Дар ҳоле ки аз хуни рехтаи шаҳидони гулгункафан чанде нагузаштааст ва ҳамзамон ғурури туро шикастанд, иддае ба ном зиёӣ дар дарраҳои зебоманзари мардзо мардумро ба табъият ва мунфаъил буданд даъват доранд. 

Ту на нахустин будию на охирин. То вақте ки диктотура бо ҳар нома дар ҳар кишваре идома дорад, вазъияти ғуруршикану миллаткуш ҳукмфармо хоҳад буд ва оҳиста-оҳиста диёри хомӯшон ба диёри пурра чоплусон мутаҳаввил мешавад.

Равоншиносон Сет Дэвин Норхолм ва Самуэл Ҳунли дар матлабе муштарак зери унвони мегӯянд, ки яке аз вижагиҳои хосси диктаторҳо худшефтагӣ “narcissism” аст ва онҳо худро афроде “бисёр хос” мебинанд, ки мустаҳиққи таҳсин ҳастанд ва дар натиҷа дар ҳамдилӣ бо эҳсосот ва ниёзҳои дигарон мушкил доранд.

Агар диктаторҳо эҳсосе нисбати эҳсосоти дигарон медоштанд, ҳеч гоҳ ин қадар зулму ситамро нисбати ҳаммиллатон худ раво намедиданд ва аз ҳамин сабаб аст, ки эҳсосе нисбати ранҷу азияти дигарон надоранд ва барояшон муҳим худи онҳо ва бақояшон дар раъси қудрат аст. 

Яке аз нуқоти муҳимми ин мақола ин аст, ки диктаторҳо бисёр ҳасуд мешаванд. Як диктатор маҳбубияти як чеҳраи бонуфуз ё ҳатто як хонандаи муҳтарамро таҳаммуд надорад, бахусус агар он чеҳраҳо ба таври сареҳу ошкор ба ӯ сар фуру набаранд. Дар натиҷа, дар фазои як кишвари диктаторӣ як нафар ва атрофиёнаш бояд бидурахшанд ва дар осмони он кишвар сухане аз моҳу ситораҳое дигаре нест. 

Саъй мекунанд, ҳамаро бишикананд, то инки ҳама бояд сархаму дастнигар бошанд ва ранге ҷуз сиёҳу сафеде вуҷуд надошта бошад. 

Ин фазои хафақони диктаторӣ миллатро ба як миллати тарсу, буздил, фақир, дастнигар ва осебпазир табдил додааст ва ин фазои носолим дорад шадидтар мешавад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *