Садри аъзами Олмон пас аз нишасти вижаи сарони Иттиҳодия Аврупо дар бораи баррасии авзоъи Беларус гуфт, ки интихоботи ахири ин кишвар «на мунсифона буд ва на озод». Фишорҳо ба Лукашенко, раисҷумҳури Беларус аз сӯи Иттиҳодия Аврупо дар ҳоли афзоиш аст.
Сарони кишварҳо ва давлатҳои 27 кишвари узви Иттиҳодия Аврупо намехоҳанд натиҷаи интихоботи ҷанҷолии раёсатҷумҳурӣ дар Беларусро, ки ҳудуди даҳ рӯз пеш баргузор шуд ба расмият бишносанд.
Онгело Меркел садри аъзам, дирӯз чаҳоршанбе 19 август пас аз нишасти сесоатаи вижаи сарони Иттиҳодияи Аврупо, ки аз тариқи видео баргузор шуд интихоботи ахири риёсатҷумҳурӣ дар Беларусро «на мунсифона ва на озод» арзёбӣ кард.
Садри аъзами Олмон, ки ҳамакнун риёсати Шӯрои Иттиҳодия Аврупоро низ дар ихтиёр дорад, гуфт: “бидуни шак дар ин интихобот тахаллуфоти густурдае сурат гирифтааст.”
Меркел аз Александр Лукашнеко, раисҷумҳури давлати Беларус хост то ҳама боздоштшудагонро бидуни қайду шарт озод кунад. Меркел гуфт: “мо хушунати ваҳшёна алайҳи мардумро маҳкум мекунем”.
Садри аъзами Олмон назари мувофиқи худро бо тарҳи гуфтугӯи миллӣ, ки аз сӯи опозисиюни Беларус матраҳ шудааст иброз кард.
Пас аз интихоботи риёсатҷумҳурӣ дар таърихи нӯҳуми август Лукашенко эълом кард, ки аксарияти қотеъи ороро ба даст овардааст. Мухолифон давлат Беларусро ба тақаллуби васеъ дар раъйгириҳо муттаҳам кардаанд. Аз он замон то кунун эътирозоти густурда ва эътисоботи умумӣ дар ин кишвари воқеъ дар шарқи Аврупо оғоз шудааст.
Нерӯҳои амниятии то кунун ҳазорон тазоҳуркунандаро боздошт кардаанд. Гузоришҳои зиёде аз бархӯрдҳои хушунатомез, бадрафторӣ ва шиканҷаи боздоштшудагон мунташир шудааст.
Чанд рӯз пеш Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои ҳадафманди ин иттиҳодия алайҳи соҳибони қудрат дар Беларусро эълом кард.
Владимир Путин дар тамосҳои телефонӣ бо зимомдорони Иттиҳодия Аврупо бо ҳар гуна дахолати хориҷи дар рӯйдодҳои Беларус мухолифат кард.
Путин дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, ва Эмануел Макрун, раисҷумҳури Фаронса, таъкид кард, ки дахолати хориҷӣ дар Беларус танҳо вазъиятро бадтар мекунад.
Кӯмаки молии Иттиҳодия Аврупо ба ҷунбиши демокрасихоҳи Беларус
Урзуло фон дер Ляен, раиси комиссия Аврупо ба рағми ҳушдорҳои Маскав эълом кард, Иттиҳодияи Аврупо аз ҷунбиши демокросихоҳи Беларус ҳимояти молӣ хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, ӯ баъд аз нишасти фавқулъодаи сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел гуфт, Комиссияи Аврупо ду миллион евро барои кӯмак ба «қурбонёни саркӯби ғайри қобили қабули нерӯҳои давлати Беларус» ихтисос хоҳад дод. Як миллион евро низ ба ҳимоят аз ҷомеаи маданӣ ва расонаҳои мустақили ин кишвар тааллуқ хоҳад гирифт.
Фон дер Ляен гуфт, сарфи назар аз натоиҷи интихоботи муноқишабарангези раёсатҷумҳурии Беларус, барои кӯмак ба ин кишвар дар мубориза бо коруно 50 миллион дигари ба унвони кӯмаки изтирорӣ дар назар гирифта шудааст.
Лукашенко фармони ҷилавгирӣ аз нооромиҳоро содир кард
Раисҷумҳури Беларус, ки зер фишори густурдае қарор дорад, дирӯз, чаҳоршанбе дастур дод, ки давлат аз «бурузи нооромиҳо ҷилавгирӣ ва неруҳои амниятӣ дар марзҳои кишварро тақвият кунад».
Лукашенко «душмнони хориҷи»-ро ба таҳрики эътирозот дар Беларус муттаҳам кардааст. Ў бидуни он ки далел ва мадраке ироа диҳад ба таври мушаххас Полша ва Украинаро ба дахолат дар умури кишвари худ муттаҳам кардааст.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Беларус, «Балто,» Лукашенко пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар баъд аз зуҳри дирӯз, чаҳоршанбе, эълом кард: “бояд аз бурузи нооромиҳои бештар дар Минск ҷилавгирӣ кард.” Раисҷумҳури Беларус гуфт: “мардум аз ин вазъият хаста шудаанд ва хостор сулҳ ва оромиш ҳастанд.”
Александр Лукашенко муддати 26 сол аст, ки зимом қудратро дар Беларус дар даст дорад. Ў аз замони интихоботи ҷанҷолии раёсатҷумҳурии Беларус бо эътирози ҳаррӯзаи мухолифон рӯбарӯ аст, ки хостор истеъфои Лукашенко ҳастанд.
Светлана Тихоновская, рақиби Александр Лукашенко дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки ба таври расме гуфта шуд танҳо ҳудуди даҳ дарсад ороро ба даст оварда, аз Иттиҳодияи Аврупо дархост карда буд, ки интихобот ва низоми баромада аз онро ба расмият нашносад.
Тихановская бомдоди чаҳоршанбе дар паёми видеоӣ гуфт, ки ҳукумати Лукашенко «аз назари мардуми худ ва дар нигоҳи ҷаҳон дигар ҳеҷ машрӯъияте надорад».
Лукашенко гуфтааст, ки барои «баргузории як референдуми қонуни асосӣ» омодагӣ дорад, аммо ҳозир ба таҷдиди интихоботи раёсатҷумҳурӣ нест.