Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия тайи суханоне дар нишасти ҳафтагии Ҳизби адолат ва тавсеаи ин кишвар, зимни эъломи ҷузъиёте дар бораи моҷарои қатли Ҷамол Хошуқчӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул гуфт: бар асоси иттилооти мавҷуд, ӯ қурбонии як ҷинояти ваҳшиёна шудааст.
Раисҷумҳури Туркия дар идомаи суханронии худ ҳамчунин изҳор дошт:
«Қабл аз вуруди Хошуқчӣ ба сарконсулгарӣ мушаххас мешавад, ки нақшае барои ӯ кашида ва бархе коркунон аз он маҳалл хориҷ шудаанд. Диски дурбинҳои мадорбастаи консулгарӣ қабл аз вуруди Хошуқҷӣ ба ин макон, тавассути гурӯҳе, ки ба Истамбул омада буданд, берун шуда буд.
Мақомоти Риёз дар таърихи 4 октябр қатли Хошуқҷиро рад карданд ва сарконсули Арабистони Саудӣ бо пазириши хабарнигорони Ройтерз ва нишон додани ин макон ба онон иқдоме густохона анҷом дод. Мо дар ин замина масъулият дорем. Бо рафъи ибҳом дар бораи ин масъала тавассути мо, кишварҳои дигар низ вориди амал шуданд. Мо низ эълом кардем, ки барои шаффофсозӣ дар ин замина хоҳем кӯшед.
Сарконсули Арабистони Саудӣ ибтидо иҷозаи вуруд ба ҳайати Туркияро надод. Ман бархӯрди вайро ба иттилоъи малик Салмон расонидам. Бад-ин тартиб сарконсул барканор шуд ва ба кишвараш бозгашт. Пас аз эъломи хабари қатли Хошуқҷӣ дар консулгарӣ тавассути Арабистони Саудӣ, дубора бо подшоҳи ин кишвар гуфтугӯ кардам. Риёз низ эълом кард 18 тан, аз ҷумла се корманди консулгарӣ боздошт шудаанд.
Шояд ин ҷиноят дар дохили консулгарии Арабистони Саудӣ ба унвони хоки ин кишвар анҷом шуда, аммо ин ҳодиса дар Туркия рух додааст. Арабистони Саудӣ бо пазириши масъулияти ин қатл гоми муҳимме бардошт. Интизор дорем авомили ин ҷиноят шиносоӣ ва муҳокима шаванд. Шавоҳиде далолаткунанда бар иқдоме барномарезишуда дар ин замина дорем.
Понздаҳ нафаре, ки Хошуқҷиро ба қатл расондаанд дастурро аз чӣ касе гирифта буданд? Лозим аст, ки ин мавзӯъ ошкор шавад. Дар рӯзи ҳодиса он 15 нафар ба дастури чӣ касе ба Туркия омаданд ва чаро ибтидо иҷоза тафтишӣ консулгарӣ дода нашуд? Чаро изҳорот мутаноқиз ироа шуд?
Агар касе кушта шуда, ҷасадаш куҷост? Агар ҷасади вай ба як ҳамдасти турк дода шуда, ин фард кист, ки масъулони Арабистони Саудӣ эълом карданд. То замоне, ки ба ин саволот посух дода нишуд, ин парванда баста нахоҳад шуд. Иттилоот нишон медиҳад, ки ин қатл аз қабл барномарезӣ шудааст.
Виҷдони инсоният танҳо пас аз муҳокимаи омилони ин ҳодиса ором хоҳад шуд. Ба ходими Ҳарамайни Шарифайн мегӯем, ки ҳодиса дар Истамбул рух дода ва 18 тан боздошт шудаанд. Онҳо бояд дар инҷо муҳокима шаванд. Ин пешниҳоди ман ба онҳост ва тасмимгирӣ бар ӯҳдаи худашон хоҳад буд.»