Идомаи мусоҳибаи хабаргузории «Озодагон» бо Меҳмоншо Шарифов. Қисмати аввали мусоҳибаро .
Озодагон: Кишварҳо ақибмонда ва низоми диктатури дошта бештар талош мекунанд идеологияро атрофи як шахс ё гуруҳи шахсиятҳо бисозанд ва чунин иқдом борҳо дар таърих таҷриба шудаву бо шикаст ру ба ру шудааст. Дар чунин ҳолат бо фавти шахсиятҳои хатари аз байн рафтани идеология ва ба як чизи беарзишу пуч табдил шудани он мавҷуд аст. Зеро барои сохтани чунин идеология як миллат солҳо ҷабр мекашад ва ҳазорон шаҳрванд бо ҳар тариқе дар сохтани он ширкат меварзанд. Оё шахсиятҳои арзишманде вуҷуд доранд, ки идеологияи милли атрофи ғояҳо ва андешаҳои онҳо шакл бигирад?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Бале, ин падида, ки шахс мехоҳад худ идеология бошад таърихи қадим дорад ва ин бархурди фикрҳои озод ва хурофотро дар дар тамаддуни ғарбӣ ҳанӯз дар ибтидои пайдоиши ‘идеология’ ҳамчун илм дар солҳои инқилоби Бузурги Фаронса дидан мумкин аст. Дар ҳамин давра буд, ки бунёдгузори илми идеология Дестут де Трасӣ, соли 1795, бо хоҳиши ҳукумати инқилобӣ Маркази Илмӣ барои ‘таҳлили еҳсосот ва идеяҳоро ташкил кард’ ва дар ҳамин давра Наполеон Бонапарт, ки дар авҷи расидан ба қудрат буд ба ин ниҳоди илмӣ пайваст. Ва ҳамин вақт Наполеон ҳис карда буд, ки озодфикрӣ ва идеяҳои ҷумҳурихоҳӣ бо нуфуз ва хоҳишҳои империяхоҳии ӯ муқобиланд. Наполеон Марказро бо он гунаҳгор кард, ки қонунҳои инсониро бо ‘метафизикаҳои афсурда” омехтаанд ба ҷои ин ки болои “дониши қалби инсон ва дарсҳои таърих” бунёд гузошта бошанд. Дар арафи лашкаркашиҳояш ба Руссия соли 1812 Наполеон ин Маркази таҳлилиро сабабгори асосии ҳама бадбахтиҳо донист, ки “болои Фаронсаи маҳбуб афтодаанд.” Инқилоби Фаронса, ки аслан зери таъсири ақидаҳои Рушангароӣ (Enlightenment) сар зада буд бо террор ва ин чунин бо тавсеаҳои ҳарбӣ ба анҷом расид.
Расми машҳури Франсиско Гойа “Хоби ақл боиси тавлиди монстрҳо мегардад» маҳсули ҳамин давра аст. Маълум аст ки аз Инқилоби Фаронса то имрӯз дар дунёи Ғарб ба хусус дар асри бистум чи қадар мутафаккирон ба миён омаданд ва мактабҳои фикри рушд карданд. Ин ҷо фурсат ва вақти номбар кардани соҳибони фикр ва мактабҳо нест. Воқеан дар ин садсолаҳои ахир аз як сӯ, ба гуфтаҳо ‘дониш қудрат аст’ ва ‘ҳукумронии қонун’ имон пайдо карданд. Аз сӯи дигар ба таноқузи (парадокс) рӯшангароӣ рӯ ба рӯ гардиданд, ки оқибаташ ҷангҳои ҷаҳонӣ , инқилобҳо ва ташкили далатҳои тоталитарӣ буд. Ғарбиҳо аз табиати идеологияҳои ғолиб мисли марксизм (коммунизм, болшевизм), фашизм ва либерализм, ки реша дар вуҷуди ҳамин тамаддун доранд ва таъсири онҳоро миллату халқҳои курраи замин дар вуҷуди худ ҳис кардаанд, огоҳ шуданд, ки чи гуна идеология буданд ва чи тақдир доштанд. Баъди пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ Фукуяма мақолаи машҳури худ “Охири таърих” — ро навишт ва он ҷо қайд мекунад ки ду идеологияи пурқудрати дунё фашизм ва марксизм дар мубориза бо либерализм натавонистанд пойдор будан ва аз байн рафтанд ва либерализм дигар рақибе надорад. Ин ҷо ду чиз омӯзанда аст, аввал ин ки бояд шинохт ки зери ниқоби идеология манфиатҳои сиёсии гурӯҳ, ҳизб ва давлатҳо метавонад ниҳон будан ва дигар ин, ки барои амали созанда дар ҷомеа будани фикр ва дониши мувофиқ ё идеология мувофиқ зарур аст.
Ин падидаро, яъне атрофи як шахс ва ё гурӯҳи шахсиятҳо шакл додани идеологияро дар бисёр давлату давлатчаҳои дунё метавон мушоҳида кард, ки бештари онҳо аз байн рафтанд ва дигаронашон акнун доранд аз байн мераванд. Масалан шаклгирии идеологияи Носсиризм (Миср), Баасизм (Сурия), Камолизм (Туркия), Паҳлавизм (Ирон) ё дар атрофи арзишҳои динӣ Сионизм (Изроил) Идеологияи Илсомӣ (Покистон) худ номуваффақ будани ин идеологияҳоро нишон доданд. Атрофи худ танидани идеологияи як давлату миллатро дар мисоли ҳаёту мамоти Саддом Ҳусейн ва Каддофӣ равшан дидем, ки барои худи онҳо, барои авлоди онҳо ва барои мардуми Либиё ва Ироқ чи оқибати баде дошт.
Ин ҳам як таҷрибаи зиндаи замони мост, ки дидем қудрати ҳар як ҷомеа ва давлат дар будани фардҳои огоҳ ва мустақили он аст, ва вақте ки инсонҳо ба бозичаи идеологӣ табдил дода мешаванд ва истиқлоли фардиро аз даст медиҳанд наметавон гуфт ки давлату миллат истиқлол доранд. Чи гунае, ки дар боло зикр кардем, яке аз заминаҳои шаклгирии идеология ин будани субъектҳои фаъол, мустақил ва фикркунанда, яъне будани фардҳост. Ва бунёди ҳама гуна идеология ин будани фикр ва дониши дар ҷомеа реша дошта мебошад. Зарур аст, ки мардум худ тарроҳон ва архитекторҳои ҷомеа бошанд, ки мутассифона ин чиз дар ҷомеаи мо ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст.
Озодагон: Як масъалаи дигар, ки аз рафти суҳбат бармеояд ин муносибати ҳаёт бо идеология аст. Ҷон додан барои идеяро чи гуна метавон фаҳмид?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Бубинед, дар вақташ Ҳегел аз Инқилоби Фаронса илҳом гирифта гуфта буд, ки акнун инсон таёр аст ба хотири идея ё сабабе, ки аз ҳаёти ӯ ҳам арзишмандтар аст бимирад. Ва худ сирри ғалабаҳои Наполеон дар он буд, ки лашкари ӯ на аз муздурҳо балки аз патриотҳо ё ватандӯстон, ки ба идеяҳои инқилоб содиқ буданд иборат буд. Шояд давраи рӯшангароӣ ва давраҳои баъдтар ки Марксизм яке аз идеологияҳои таъсиргузори ҷаҳони ғарб ва дунё гардид, идеяҳо қадр ва қудрат доштанд дар сохтмони ҷомеа ва шахсияти фардҳо нақше бозӣ мекарданд, вале баъдтар ин фаҳмиш дигар шуд. Онҳое, ки барои идея ба мурдан таёр буданд, ҳам барои идея метавонистанд куштан. Ин аст ки асри бистум асри инқилобҳо, зидди – инқилобҳо, террорҳо, ҷангҳои ҷаҳонӣ буд, ки ба хотири идеология сар зад буданд. Мардум дигар дар солҳои баъди ҷанги дуюми ҷаҳони фаҳмид, ки бе инқилоб ва диктатураи пролетариат ҳам зиндагии хуб метавонанд дошта бошанд. Марксизм аз як идеологияи давлати ба назарияи танқиди — таҳлилӣ табдил ёфт.
Имрӯз ҳар чанд мардуми мо ба ин идеологияҳои ғайр дигар имон ва боварӣ надоранд, вале ҳанӯз ҳам ин падида ва гуфтугӯ дар бораи он дар байни мардуми вуҷуд дорад, ки решаи ҳар ду ҳам идеологиязада будан ва мавқеи равшани сиёсӣ надоштани давлатмардони мост. Чи хел ки дар боло зикр кардаем гуфтаи Лотард ‘нобовари ба афсонаҳои бузург’ ё ба идеологияҳо имрӯз дар бештари мамлакатҳои ҷаҳон ҳукумрон аст. Вале ҳанӯз дар бисёр мамлакатҳо, ки воқеан ба ҷои сохтан, ба ҷои амал бештар ба пропоганда машуғланд, ки пропоганда дар ҷои холӣ танҳо боиси ҳукумронии тарс ва дуруғ дар ҷомеа мегардад. Имрӯз дар Тоҷикистон намунаи беқадрии ҳаётро дар баробари идеология дар ду мисол дидан мумкин аст, ки ҳар ду ҳам ҳосили набудани дониши илмӣ дар бораи ҷомеаи худ ва сиёсати созандаи ҷомеаанд. Яке аз ин падидаҳо ин ҷон додан ба хотири ‘наҷот дар охират’ аст, ки тарғибгарони терроризм дар вуҷуди мардум ва ба хусус ҷавонон талқин мекунанд ва дигаре “ҷон додан барои ватан”, ки имрӯз идеологҳои мо ташвиқу тағриб мекунанд. Ин ҳар ду рӯйдод ки дар муқобили ҳам меистанд ва ҳатто идеологҳои давлатӣ онҳоеро, ки дар Сирия меҷанганд тамғаи “хоинӣ” задаанд, қариб дар як вақт пайдо шуда пеш аз ҳама маҳсули ҳамин набудани сиёсати созандаи ҷомеаанд. Акнун ал Қоида ҷавонони Осиёи Марказиро дар Руссия тарконда истодааст. Дирӯз ҷавонони Узбек худро дар метрои шаҳри Питер тарконданд пагоҳ ин корро Тоҷикон метавонанд анҷом дод. Имрӯз вақти он расидааст, сиёсати ватандӯстӣ, ки дар борааш ҳарф мезананд воқеан дигар карда шавад.
Ба фикрам ҳамин худ як мисоли равшани шинохти илмии ҷомеа ва ҳаётро надоштани идеологҳои мост. Воқеан Тоҷик новобаста ба идеология ватани худро дӯст медорад. Ва ин ҷо бояд дарк кард ки ватан як мафҳуми хушку холӣ нест, балки маънии дар як вақт воқеи – модди — маънавӣ – абстрактӣ – равониест, ки болои таркибҳое шакл гирифтааст. Ба фикри ман таркибҳои муҳиме, ки ҳисси ватанро бар вуҷуди як инсон шакл медиҳанд ин муҳити табии зист, муҳити таърихии фарҳанги ва маънавии зист ва инчунин муҳити давлатдори — сиёсии мардум мебошанд ки дар як ҷоягӣ мафҳуми ватан ва дар хона буданро ташкил медиҳанд. Аслан дар вуҷуди ҳар як Тоҷик рӯҳи Хуросони Бузург ҳанӯз ҳам зинда аст ва худро бе “бӯи ҷӯи Мулиён”, бе Бухорову Самарқанд, бе Балху Ҳирот ва бе ин қаламрави бузурги забону фарҳанги Тоҷикӣ (Форсӣ, Дарӣ) тасаввур кардан наметавонад. Имрӯз мебояд , ки ҳар як Тоҷик дар ин муҳитҳои зикр карда яъне муҳити табии ягона, муҳити таърихи- фарҳангии ягона ва муҳити ягонаи сиёси — давлатдорӣ ҳаққу ҳуқуқи ягонаи зист дошта бошанд. Ин ҳар се муҳит бо якдигар бояст тофтаву бофта бошанд, ки ҳосили он будани давлату миллат аст, ки аз фардҳои огоҳ ва фиркунанда иборат аст. Ин ватан аст. Ва ин ҷо бозингари асосӣ давлат аст, ки тавонад чунин фазоро ташкил кардан, ки мардуми Тоҷикистон дар хона будан ва дар ватан будани худро ҳис кардан тавонанд.
Бубинед, ки дар Шӯравии собиқ чанд насл дар якҷояги бо ҷомеа ва давлат дар як раванд шакл гирифта ва сабзида буданд ва новобаста ба ин ки ин диктатураи як шахс ва як ҳизб буд, новобаста ба ин ки болои террор сохта шуда буд, мардум ба зиндагии осоишта ва ороми худ дар солҳои рукуди Брежневи паси пардаи оҳанин як настолҷи доранд. Он давраро аз он ёд мекунанд ки имрӯз зиндагии хароб доранд ва аз ояндаи худ ноумеданд, ки чи мешавад. Фасод,бесалоҳиятӣ, набудани шоистасолорӣ ва маризиҳои дигар имкони ҳис кардани ватанро дар вуҷуди зиёд мардум надода истодааст. Ватандорӣ лоф, ва ҳисси ватан доштан ҳисси бебунёд нест, балки шароит ва фазои будани онро сохтан даркор то дар вуҷуди мардум кор кардан тавонад. Ҳарфҳои “хору залил бошему дар ватан бошем”, “гадо бошему дар ватан бошем”, ки ҳамин шабу рӯз садо медиҳанд ҷуз таҳқири мардуми ин сарзамин чизи дигар нестанд. ҳар ки дар ватани худ хору залил аст дар берун бадтар аз ин аст.
Ба фикрам ҳамин худ як мисоли равшани он далел аст, ки идеологҳои мо шинохти илмии ҷомеа ва ҳаётро, ба хусус дар қаринаи Тоҷикистон, надоранд. Воқеан, Тоҷик новобаста ба идеология ватани худро дӯст медорад. Ва ин ҷо бояд дарк кард ки ватан як мафҳуми хушку холӣ нест, балки маънии дар як вақт воқеи – модди — маънавӣ – абстрактӣ – равониест, ки болои унсурҳо ва таркибҳое шакл гирифтааст. Ба фикри ман таркибҳои муҳиме, ки ҳисси ватанро бар вуҷуди як инсон шакл медиҳанд ин муҳити табии зист, муҳити таърихии фарҳанги ва маънавии зист ва инчунин муҳити давлатдори — сиёсии мардум мебошанд ки дар як ҷоягӣ мафҳуми ватан ва дар хона буданро ташкил медиҳанд. Имрӯз мебояд , ки ҳар як тоҷикистонӣ дар ин муҳитҳои зикр карда яъне муҳити табии ягона, муҳити таърихи- фарҳангии ягона ва муҳити ягонаи сиёси — давлатдорӣ ҳаққу ҳуқуқи ягонаи зист дошта бошанд. Ин ҳар се муҳит бо якдигар бояст тофтаву бофта бошанд, ки ҳосили он будани давлату миллат аст, ки аз фардҳои огоҳ ва фикркунанда иборат аст. Бо ҳарфи дигар ин ватан аст. Ва ин ҷо бозингари асосӣ давлат аст, ки бояд тавонад чунин фазоро ташкил кардан, ки мардуми Тоҷикистон дар хона будан ва дар ватан будани худро ҳис кардан тавонанд. Ва ‘мутафаккирони давлатмеҳвар’, ки дар бораи ватандӯстӣ ҳамчун идеология ҳарф мезананд фаромуш кардаанд, ки он муҳит, шароит ва ҳисси ватанро шӯравии собиқ ташкил карда буд. Яъне ҳаёти лучи мардумро бо шакли муносибатҳое пӯшонида буданд ва он ҷо, ҳукумронии қонун, бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷуди ҳузур дошт.
Бубинед, ки дар Шӯравии собиқ чанд насл дар якҷояги бо ҷомеа ва давлат дар як раванд шакл гирифта ва сабзида буданд ва новобаста ба ин ки ин диктатураи як шахс ва як ҳизб буд, новобаста ба ин ки болои террор сохта шуда буд, мардум ба зиндагии осоишта ва ороми худ паси пардаи оҳанин дар солҳои рукуди Брежневи як настолҷи доранд. Он давраро аз он ёд мекунанд, ки имрӯз зиндагии хароб доранд ва аз ояндаи худ ноумеданд, ки чи мешавад. Фасод,бесалоҳиятӣ, набудани шоистасолорӣ ва маризиҳои дигар имкони ҳис кардани ватанро дар вуҷуди бештари мардум надода истодааст. Ватандорӣ лоф задан нест, ва ҳисси ватан доштан ҳисси бебунёд нест, балки шароит ва фазои будани онро сохтан даркор то дар вуҷуди мардум кор кардан тавонад. Ҳарфҳои “хору залил бошему дар ватан бошем”, “гадо бошему дар ватан бошем”, ки ҳамин шабу рӯз садо медиҳанд ҷуз таҳқири мардуми ин сарзамин чизи дигар нестанд. Ҳар ки дар ватани худ хору залил аст дар берун бадтар аз ин аст.
Озодагон: Боз ҳам дар бораи ватандӯстӣ… Ватандӯстӣ бо фасод ва бо идеология чи алоқамандие дорад? Ҳамин масъаларо равшантар шарҳ медодед!
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Бубинед, аз як тараф, бештари амалдорони мо ба номи ватан қасам мехуранд ба кандани бунёди ватан машғуланд. Вақте як амалдор, ки худ ба муборизаи фасод машғул аст, вале соҳиби сиву як хона чанд ҳавлӣ ва моликияти зиёди ғайриманқул мешавад ва дар хонаи ӯ чанд миллион дуллор ва чанд кило тилло паёдо мекунанд нишонаи чист? Ба гуфти худи ин фасодкор ин ҳанӯз як фисад он чизест, ки кашф кардаанд ва он чи болотарҳо гирифтаанд ҳанӯз исбот мехоҳад. Чунин амалдорон, мутассифона дар ҷомеаи мо кам нестанд ва дигар акнун бо пул пора намегиранд балки бо тилло ва моликияти ғайри манқул мислии хона, замин, корхона ва ғайра то барои авлоди худ чизе боқи гузоранд. Вале бе хабар аз он ки пояи давлат ва ояндаи ин мамлакатро барвақт хароб кардаанд. Ин нишонаи он аст ки дар мамлакат клептократия (аз калимаи Юнонии kleptein гирифта шуда, маънии дузди карданро дорад) ғалаба карда ва бештарии амалдорони мо клептоманияк шудаанд. Воқеан миллионҳои мардумро медузданд , ки оқибаташ шикастани таркибҳои солими ҷомеа ва ҳаёти ҷавонони ин сарзамин аст. Ин сафи онҳоеро, ки ба сафи муҳоҷирони иҷбори мепайванданд ва онҳоеро ки пайравони Ал– Завоҳирӣ, ҷонишини Бен Лодин, мешаванд, зиёдтар мекунад. Вале онҳое, ки дар ниҳодҳои илми таҳқиқотии давлати кор мекунанд ва масъуланд ин падидаҳоро ошкор бикунанд, танҳо шоирона дар бораи ватандӯстӣ ҳамчун беҳтарин идеология ҳарф мезананд.
Бубинед Ал — Завоҳири бо вуҷуди будани интернет ва технологияи ҳозиразамон дар ин мамлакат наметавонад он кореро анҷом бидиҳад, ки як фасодкор ӯро муваффақ мегардонад. Ва таҳрик диҳандаи асосии ин равандҳо будани амалдорони фасодкор аст, ки дар ин мамлакат сармояро дар хонаҳои худ банд мекунанд ва ин чунин будани он қишри “зиёӣ”- ст, ки ба ҷои қудрат ҳақиқатро гуфтан ба афсона бофтан машғул аст. Гузашта аз ин қишри фасодкор ва афсонапардозҳои идеологӣ воқеан роҳбаронро дар инҳисори бехабарӣ қарор дода алоқаи онҳоро бо ҷомеа ва бо мардум буридаанд . Имрӯз яке аз беҳтарин таҳқиқот, ки дар ин масъала анҷом дода шуда китоби Сара Чайес “Дуздҳои Давлат: Чаро фасод амнияти ҷаҳониро таҳдид мекунад?” (Sarah Chayes, Thieves of State: Why Corruption Threatens Global Security, 2015), ки хуб мешуд ин китобро тарҷума ва бо назардошти қаринаи Тоҷикистон дар МТС назди Президент ва кумитаи зидди фасод таҳлил ва барраси мекарданд.
Аз тарафи дигар, чи гунае ки дар боло зикр кардем идеология ин танҳо гап ва шиорпартои нест, балки раванди созандаест, ки ба гуфти Луис Алтуссер (Louis Althusser) пеш аз ҳама шароити воқеии будан дорад, дуввум ягонагии фикри -тасаввуротии фардҳоро бо шароити зиндагиашон таъмин мекунад ва сеюм ва аз ҳама муҳим, фардҳоро ҳамчун субъект (шахсият) шакл медиҳад. Агар ин раванди солими созанда дар Тоҷикистон мебуд воқеан имруз амалдорони гирифтори ба клептоманиё камтар мебуданд ва генералҳо ва профессорҳои ё генерал — профессорҳои мо камтар ба ватан хиёнат мекарданд. Яке аз хусусиятҳои манфии ҷаҳонишавӣ ин сарзадани буҳрони ахлоқӣ ва паҳншавии ҳирс, ғазаб ва ҷаҳл дар ҷомеаҳои заиф ва ҳанӯз шакл нагирифта буд. Ҳарисии амалдорони тоҷик, ки қонун ва қасами худро зери по карда сармояи мардумро ғорат мекунанд воқеан бунёди амнияти давлат ва миллатро заиф мегардонад.