Рубрики Хабарҳо

Оташсӯзӣ дар Калифорния; 180 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк карданд

Оташсӯзии густурдаи иёлати Калифорниё, воқеъ дар ғарби Амрико сабаби кӯчонидани 180 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа шудааст. 

Ба думболи вуқӯъи ин оташсӯзӣ фармондори Калифорния рӯзи якшанбе 27 октябрро дар сар то сари ин иёлат вазъияти изтирорӣ эълом кард. 

Ин оташсӯзӣ, ки “Кинкед” ном дорад рӯзи чаҳоршанбе, 23 октябр дар шимоли Сан-Франсиско оғоз шуд ва ба далели вазиши боди шадид густариш ёфта ва то кунун минтақаи бузурге ба вусъати дасти кам 20 ҳазор гектарро сӯзондааст. 

Рӯзи шанбе мақомҳои маҳаллӣ ба манзури эҳтиёт ва ҷилавгирӣ аз пешрафти сареъи оташ, барқи бахши васее аз иёлати Калифорнияро қатъ карданд. Дар он рӯз ҷамъияти наздик ба се миллион нафар дар Калифорния бидуни барқ монданд. Дар пай ин рӯйдод тақрибан тамоми шаҳрвандон сокини минтақаи Сунумо Контӣ манозили худро тарк карда ва дар марокизи давлатии ускон муваққат ҷо дода шуданд. 

Мақомҳои фармондории Калифорния мегӯянд, ки ҳудуди се ҳазор оташнишон ва нерӯи довталаб барои миҳори ин оташсӯзӣ талош мекунанд.

Далели аслии ин воқеа ҳанӯз равшан нест аммо Гэвин  Нюсом, фармондори Калифорния, ки шахсан ба маҳалл рафта, иллати онро ба таври куллӣ гармоиши заминӣ медонад. Вай ба хабаргузори Фаронса гуфтааст: “Ибтидо борандагиҳои зиёде доштем, ки рекорд маҳсуб мешуд. Баъд аз он 5 соли хушксолии таърихӣ доштем. Агар ҳанӯз ҳам касе ҳаст, ки дар бораи илм ва дар бораи гармоиши замин тардид дорад, биёяд ин ҷо шоҳиди ин падида бошад.” 

Дар поизи ду сол пеш низ як оташсӯзии густурдаи дигар дар ҳамин минтақа 22 кушта бар ҷой гузошта буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *