Рубрики Хабарҳо

Қирғизистон Тоҷикистонро ба пахши ахбори дурӯғ муттаҳам кард

Неруҳои марзбонии Қирғизистон ба изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон посух дод ва бо дур аз воқеият номидани он иддао кард ҷониби Тоҷикистон сар аз 25 сентябр ба ҷанги нав омодагӣ мегирад. 

Дирӯз 19 октябр Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистонро ба кӯшиши иғвоангезӣ ва ноором кардани вазъ дар сарҳади ду кишвар муттаҳам кард. Аммо ҷониби Қирғизистон мегӯяд Тоҷикистон кӯшишҳои худ барои тақвияти марзро ба марзбонони қирғиз рабт медиҳад.

Ин ниҳоди кишвари ҳамсоя иддао дорад, ки ҷониби Тоҷикистон “қасдан далелҳоро дасткорӣ мекунад ва мардуми наздисарҳадиро ба шӯр меандозад. Мисоли ин нашри аксе аст, ки интиқоли техника дар автотралро ба намоиш гузоштааст”. 

Ба гуфтаи Неруҳои марзбонии Қирғизистон ин акс моҳи сентябр замоне, ки Қирғизистон неруҳояшро аз марз пас мебурд,  гирифта шудааст. 

“Ҳамин тавр, аз 25 сентябр ҷониби Тоҷикистон ба омодасозии мавкеъҳои ҷангӣ идома медиҳад: дар тамоми тӯли хати марз бо Қирғизистон хандақ мекананд. Аз ҳамон рӯз беш аз 10 ҳолати истифодаи дронҳое, ки бо ворид шудан ба қаламрави Қирғизистон ҷосусӣ мекарданд, ба қайд гирифта шудааст” — омадааст дар изҳороти ин ниҳод. 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд дар ин муддат дронҳои ҷониби Қирғизистон 13 маротиба ба қаламрави Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ворид шудаанд.

Қирғизистон ҳамчунин Тоҷикистонро аз суистифодаи масҷидҳо барои таълими зархаридҳо ва захира кардани силоҳу муҳимот муттаҳам кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *