Рубрики Хабарҳо

Лағви тазоҳуроти Берлин баъди раҳоии Ҳамза

Тазоҳуроти асосӣ барои раҳоии Ҳамза Тиллозода, ки бояд дар Берлини Олмон баргузор мешуд ва дар он садҳо нафар ширкат мекарданд, бинобар раҳо ёфтану ба Истамбули Туркия расидани Ҳамза ва модараш лағв шуд.

Дирӯз бо ин талаб тоҷикони муқими Литва ва Утриш тазоҳурот карданд ва баёнияи худро қироат намуда, сипас ба намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ супориданд. Имрӯз чунин тазоҳурот дар Варшава баргуҳор шуд.  Тазоҳургарони Варшава бо вуҷуди ин ки хабари раҳоии Ҳамзаро шуниданд ба тазоҳуроташон идома доданд ва гуфтанд садҳо кӯдаки дигар асиранд.

Дар тазоҳуроти Литва ҳудуи 20 нафар, Утриш 30 нафар ва Варшава 140 нафар ширкат доштанд. Аксҳо ва навори тазоҳуроти Варшава ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Ҷаннатуллоҳи Комил, узви Ситоди раҳоии Ҳамза ва масъули баргузории тазоҳурот дар Берлин дар мусоҳиба бо Паём гуфт, қарор буд 150 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин тазоҳурот ширкат кунанд. Ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва рӯзноманигорон ба он даъват шуда буданд.

Ӯ гуфт “то субхи имрӯз мардуме, ки мехостанд дар ин тазохурот ширкат кунанд дар ҳолати омодабош қарор доштанд ва мо барои бурдани онҳо як мусофирбари калон ва чандин сабукравро иҷора гирифта будем. Вакте хабари расидани Хамза ба Истанбул расид мо тибқи ваьда ин тазоҳуротро лағв кардем”.

Ба суоли Паём. ки оё намешуд мисли Варшава тазоҳуротро барпо ва талаби озодии дигар кӯдакони асирро кунед, ӯ Ҷаннатуллоҳи Комил посух дод: “Мо ваъда ниҳода будем, ки агар Ҳамзаро озод кунанд, тазохурот намекунем ва ба ваъдаамон вафо кардем. Аммо барои озодии дигар асирону зиндониён дар пеш барнома дорем”

Ӯ ҳамчунин гуфт  “хеле аз бародароне, ки дар ин пикет нияти ширкат доштанд, ба мо пешниҳод карданд, ки барои раҳоии дигарон бояд дар оянда назди сафорат ва созмонҳо рафта, на танхо тазоҳурот, балки хайма занем ва то раҳоии онҳо онҷо биистем. Ва дар оянда низ мо чунин барномаҳоро дар назар гирифтаем”.

Ситоди наҷоти Ҳамза низ бо изҳори ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки барои раҳоии ӯ кӯмак карданд, эълон кард, тазоҳуроти Берлин лағв шудааст.

“Бинобар рухсат шудан барои сафари тифли асири тоҷик Ҳамза Тиллозода ва интиқоли ӯ ба бемористони шаҳри Истамбули Туркия, тазоҳуроте, ки мебоист имрӯз 2.08.2018 дар шаҳри Берлини Олмон, соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мегардид, лағв карда шуд” — омадааст дар баёния.

Ситоди наҷоти Ҳамза инчунин гуфтааст “аз рӯзе, ки ситоди “Наҷоти Ҳамза” созмон дода шуд, дар зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон флешмобу пикет ва тазоҳуротҳо бо талаби раҳоии Ҳамза аз чанголи золимони аср ва интиқоли ӯ ба бемористони хориҷа баргузор шуд. Бар зами ҳамватанон, садҳо намояндагони миллатҳои дигар бетараф набудани худ дар ин қазияро изҳор намуданд. Ба якояки онҳое, ки дар ин қазия моро ҳамроҳӣ карданд ва дар паҳлӯи мо буданд, дар тазоҳуроту пикет ва флешмобҳо фаъолона ширкат варзиданд, миннатдории худро баён медорем”.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *