Раҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки дирӯз дар пахши мустақим дар бораи ҳаводиси зиндони Ваҳдат сӯҳбат кард, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамон усули кӯҳнаи “ихтилоф андозу ҳукумат кун” истифода мебарад ва “мехоҳад ҷомеаро дар фазои ихтилофу бархурди андешаҳо, бархурди сиёсӣ, мазҳабӣ ва кинаву адоват нигоҳ дорад, то ин ки дар ин гирдоби лойолуд моҳии худро сайд карда бошад”.
Ӯ хушунат дар зиндон идомаи сиёсати фарогири ихтилофандозӣ номид ва гуфт “мактаб, зиндон, мадраса, корхонаҳо, масоҷид, инҳо ҳама ҷойҳое ҳастанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар он шакл мегирад.Набояд фикр кард, ки зиндон олами дигар аст. Он чи дар зиндон мегузарад, идома ва ё натичаи фазое аст, ки дар ҷомеаи мо мегузарад”.
Раиси ҲНИТ гуфт “хушунат ва он қатли оме, ки дар зиндонҳо мушоҳида мекунем, дар мактабҳо низ вуҷуд дорад. Магар ахборро дар бораи занозании мактаббачаҳо наешунавед? Магар ҳодисаҳои худкушӣ ҳамарӯза дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд надорад? Магар аз ҳампошии оилаҳо ба авҷи аъло нарасидаааст? Нафрату кина ва адовати мардум байни ҳамдигар ба сатҳи боло расидааст. Дар зиндон, ки як фазои баста ва пур аз хушунату шиканҷа аст, табиист, ки кинаву нафрат бештар мешавад”
Ин фазои нафрат ва кина, ки аз солҳои 2012 то имруз шакл гирифт, тамоми муҳити расонаӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъии кишварро фаро гирифтааст”.
Раҳбари Паймони миллӣ бо суолгузорӣ, ки кӣ чунин фазоро, ки ба вуҷуд овардааст, гуфт “ҷомеаи Тоҷикистон баъди созишномаи сулҳи соли 1997 вориди як марҳалаи дустиву рафоқат ва ҳамбастагӣ шуда буд. Қишри дунявӣ бо қишри динӣ дустӣ дошт. Аз ҳамдигар дидан мекарданд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чеҳраҳо ва нухбагони миллат, шахсиятҳои дунявии кишварамонро ба дафтари ҳизб даъват мекард.
Устод Муъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Рустами Ваҳҳоб, Барзу Абдуразоқовро ба даъвати ҳизб даъват кардем, ки ваҳдату дустӣ байни қишрҳои ҷомеа ба вуҷуд биёяд. Ҳатто мо файласуф Комил Бекзода, ки худаш иддао дорад атеист аст ва шоир Бозор Собирро даъват карда будем, то биёянд ҳарфҳояшонро дар дафтари ҳизб бигӯянд. Мо овозхонҳоро даъват мекардем, ки дар дафтари ҳизб ҳунари худро нишон диҳанд.Аммо пеши роҳи ин ба ҳамоиву ваҳдатофариро ҳукумати Тоҷикистон гирифт.
Зеро Эмомалӣ Раҳмон намехост дар ҷфомеа ваҳдату баҳамои арзи вуҷуд кунад. Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ҷомеаро дар фазои ихтилофу бархурди андешаҳо, бархурди сиёсӣ, мазҳабӣ ва кинаву адоват нигоҳ дорад, то ин ки дар ин гирдоби лойолуд моҳии худро сайд карда бошад. Эмомалӣ Раҳмон дақиқан аз руи принсипи тафриқа андозу ҳукумат кун сиёсаташро пеш мебарад. Пеши роҳи гуфтугуӣ миллӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ баста шуд ва сиёсати наверо роҳандозӣ кард, ки он моломол аз кина, нафрат ва буғзу адоват байни қишрҳои ҷомеа буд”.
Кабирӣ дар бораи сиёсати ихтилофандозӣ ҳамчунин тасреҳ кард: Дар расонаҳои давлатӣ иттиҳомотеро алайҳи рӯҳоният, наворҳои фаҳшу таҳриккунанда ва нафратбарангез ба паҳн кардан шурӯъ кард. Аз як тараф пеши роҳи зиёиёни кишварро гирифт, то бо қишри рӯҳоният ва мазҳабии ҷомеа дар иртибот набошад. Аз тарафи дигар фазои кинаву нафратро ба вуҷуд овард. Натиҷа ин шуд, ки як зумра ҷавонони миллат рӯ оварданд ба гуруҳҳои ҷангҷӯ. Чун барои онҳо фазои боз намонда буд”.
Раҳбари Паймони миллӣ ҳамчунин пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундравро маҳсули ҳамин фаъолияти иғвоангезона ва фишорҳои давлат хонд ва гуфт:
Як ҷавони баномуси тоҷик вақте мадрасаву масҷид баста мешавад, риши ӯ тарошида мешавад, ҳиҷоби зану хоҳараш мамнӯъ мешавад. аз ҷониби дигар дар интихоботҳо раъйаш тақаллуб мешавад, наметавонад номзади муносиби худашро интихоб кунад, ҳизбе, ки дар он узвият дорад, мамнӯъ мешавад, чи кор кунад?
Вақте, як ҷавон узви ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ва ё ҳар ҳизби мухолифи дигар аст ба хотири дигарандешияш ҷинояткору хоин маҳсуб мешавад. Дар кишвар ҷои кор нест, мактабу мадрасаву донишгоҳ бо ришва аст. Камтарин ҳаракат барои ибрози андеша кӯшиши зиддидавлатӣ талаққӣ мешавад ва соҳиби андеша саркӯб мешавад. Дар чунин як шароити сахти хафақон ва саркӯбкунанда як ҷавони шуҷову баномус ва дорои ангезаву орзу чи бояд кунад? Ба куҷо биравад?
Бинобар, ман мутмаинам, ки ҳазорҳо ҷавоне, ки узви ДОИШ шуданд ва ё ҳар ҳизби ифротии дигар, Эмомалӣ Раҳмон ва вазиронаш, ки дар хидмати ӯ ҳастанд, он ҷавононро ифротиву ҷангҷӯ карданд. Аксари ин ҷавонон дунболи зиндагии худашон буданд. аммо вақте тамоми роҳҳо, тамоми дарҳо баста шуд ва ин фишорҳои болои дину мадрасаву болои арзишҳои инсонӣ ва исломӣ ҷорӣ шуд, маҷбур шуд аз ночорӣ ва аз ноилоҷӣ ҳамчун иқдоми эътирозӣ даст ба чунин корҳо бизанад.
Кабирӣ ҳамчунин тасреҳ кард: Агар билфарз ин даъвои шумо, мақомоти Тоҷикистон дуруст бошад, ки ҷинояти куштор дар зиндон аз ҷониби аъзои гурӯҳи ҷангҷӯи ДОИШ сар шуда бошад ҳам, яқин бидонед, ки сабабгори аслӣ худи шумо ҳастед. Албатта то имрӯз ДОИШ ин ҷиноятро ба дӯш нагирифт. Ҳамагон медонем, ки агар ягон ҳодиса аз ҷониби тарафдорон ва ё аъзои ДОИШ содир шавад, дарҳол ба ӯҳда мегирад. Мисле, ки дар ҳодисаи Данғара ба ӯҳда гирифтанд. Аммо чаро то имрӯз ДОИШ сокит аст ва ин ҳодисаро ба душ нагирифт?
Ман намехоҳам инҷо гузинаи худамонро матраҳ кунам, бубинем таҳқиқот то ба куҷо меанҷомад. Мо ҳам думболи ҷамъ кардани факту рақамҳои бештар ҳастем. Дар ин бора баъдан сӯҳбат хоҳем кард.