Русия омодааст то ҳаҷми содироти маҳсулот саноъатӣ, металлургия, наҷҷорӣ, кимиёӣ ва кишоварзӣ ва ҳамчунин воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Дар ин бора Марат Хуснуллин, муовини нахуствазири ин кишвар рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи телеграмии худ эълон кард.
«Дар семоҳаи аввали соли 2023, динамикаи мусбати тиҷорати дутарафа низ идома ёфт. Потенсиали қобили таваҷҷуҳе барои рушди он дида мешавад. Омодаи афзоиши содироти колоҳои кишоварзӣ, наҷҷорӣ, металлургия, худрав, кимиёӣ ҳастем” — гуфт ӯ дар дидор бо Қоҳир Расулзода, сарвазир Тоҷикистон, дар форуми байналмиллалии иқтисодии “Русия — Ҷаҳонии ислом”.
Хуснуллин гуфт: соли 2022 гардиши мол байни Русияву Тоҷикистон ба 1.4 миллиард доллар расид, ки 18 дарсад бештар аз соли 2021 аст ва ба як рекорд дар 20 соли гузашта табдил шудааст. Содироти Русия бо рушди тақрибан 20-дарсадӣ ба 1.3 миллиард доллар расид ва воридотт Русия (аз Тоҷикистон) бо 4 дарсад афзоиш 103.3 миллион долларро ташкил дод”.
Чаҳордаҳумин форуми байналмилалии иқтисодии «Русия — Ҷаҳони ислом “Кazanforum-2023» дар таърихи 18 то 20 май дар Қазон баргузор мешавад. Пешбинӣ мешавад беш аз 7 ҳазор нафар аз 85 кишвари ҷаҳон ва 84 минтақаи Федератсияи Русия дар анҷуман ширкат кунанд. Дар маҷмӯъ, ҳудуд 200 намоиш дар чорчӯби ин форум баргузор мешавад. Қарор аст ҳадди ақал 100 тавофуқ нома имзо шавад.