Дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии портали сайёҳии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки портали сайёҳии www.dushanbe-travel.tj бо ҷалби мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шудааст. Ҳадафи он рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии ифрасохтору имконияти сайёҳии пойтахт, бозтоб додани фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад.
Дилбар Одилзода қайд кард, ки инфрасохтори шаҳр ба талаботи замон ҷавобгӯ аст. Меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, боғҳо, иншооти варзишӣ мавҷуд буда, фазои бехатар барои сайёҳон фароҳам оварда шудааст.
Дар айни замон саҳифаи фейсбукии портал 15 500 обуначӣ дошта, ҳар моҳ то 1 миллион тамошобинро фаро мегирад. Саҳифаи Instagram беш аз 103 000 обуначӣ дошта, 35 фисади онро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube