6 феврали соли 2018 мақомоти Русия, ба манъи Додгоҳи Аврупо нигоҳ накарда, як ҷӯяндаи мақоми паноҳандагии сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод карданд, хабар медиҳад .
Дар баёнияи ин Созмон чунин омадааст:
Манучеҳр Зиёев, шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия қонунӣ ба сар мебурд, вале моҳи сентябри соли 2017 бо дархости Тоҷикистон дастгир гардид ва ба боздоштгоҳ интиқол ёфт. Мақомоти Тоҷикистон барои таъқиби ҷиноӣ истирдоди ӯро талаб карданд.
Бегоҳи рӯзи ҷумъа, 2 феврал ба вакили дифоъи ӯ хабар доданд, ки Зиёевро аз боздоштгоҳ бидуни шарҳи сабабаш озод мекунанд. Вале ба ҷои озодкунӣ, ӯро додситон ва бо гумони ғолиб кормандони Хадамоти бехатарии федеролӣ (ФСБ) бурда, изҳор кардаанд, ки нисбати ӯ қарори ихроҷ содир шудааст ва ӯро дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карданд. Дертар маълум шуд, ки гӯё таъқиби ҷиноии ӯ ногаҳон қатъ шудааст.
Худи ҳамон бегоҳ ҳуқуқшиносҳои барномаи “Ҳуқуқ ба паноҳандагӣ” ба Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон (ДАҲИ), барои дидани чораҳои таъҷилӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз истирдоди ҷӯяндаи паноҳандагии сиёсӣ дархост фиристоданд. Рӯзи душанбе, 5-уми феврал ДАҲИ ба мақомоти Федератсиюни Русия истирдоди Зиёевро то анҷоми баррасии парванда ба хотири таҳдиди шиканҷа, манъ кард.
Вале бо нодида гирифтани ин дастур, субҳи рӯзи сешанбе, 6-уми феврал паноҳҷӯ ба фурӯдгоҳи Домодедово бурда шуд ва ба ӯ муяссар гардид соати 10.30 ба вакилонаш дар ин бора иттилоъ диҳад. Вакилони Зиёев бидуни таъхир дархостҳои оҷил фиристоданд ва тавассути телефон бо шӯъбаи ВКД ва хадамоти сарҳадии ФСБ дар фурӯдгоҳи Домодедово, инчунин бо дастгоҳи Намояндаи ДАҲИ дар Вазорати адлияи Русия тамос гирифтанд. Соати 12.20 кормандони ВКД дар фурӯдгоҳ хабар доданд, ки Зиёевро дар “ҳалқаи мӯҳками” кормандони ФСБ дидаанд ва бинобар “набудани маълумоти расмӣ” аз Вазорати адлия дар бораи манъи ихроҷ, касе монеъи ихроҷ нашуд.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти Русия равиши истирдодро ба ихроҷ табдил медиҳанд, то ҷӯяндаи мақомро аз имкони шикоят маҳрум кунанд, чун ихроҷ иҷозаи амалигардонии сареъро медиҳад ва ягон чораи нигоҳдорӣ аз тарафи додгоҳро пешбинӣ намекунад. Мо чунин меҳисобем, ки ин таҷрибаи хеле нигаронкунанда аст, ки дилхоҳ гуреза ва паноҳҷӯйро зери хатари ихроҷи бидуни иҷозаи додгоҳ мегузорад.
Гузашта аз ин, бори аввал нест, ки Федерасюни Русия чораҳои оҷилан андешидаи Додгоҳи Аврупоро оиди манъи ихроҷи паноҳҷӯён нодида мегирад. Хотиррасон мекунем, ки тобистони соли 2016, ҳамчунин бо нодида гирифтани дастури Додгоҳи Аврупо, паноҳҷӯ Олим Очилов ба Ӯзбекистон ихроҷ шуд. Дар ин бора мо қаблан гузориш дода будем. Баъди ихроҷ Очилов дар боздоштгоҳ шиканҷа гардид ва муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум гашт.