Барис Ҷонсун, нахуствазири Бритониё дархости таътили муваққати парлумони ин кишварро аз нимаи сентябр то нимаи октябр матраҳ кардааст. Шояд ин тарфанде бошад барои ҷилавгири аз бурузи ихтилоф бар сари хурӯҷи бетаввофуқи Бритониё аз иттиҳодияи Аврупо.
Барис Ҷонсун рӯзи чаҳоршанбе 28 август аз барномаи таътили муваққати парлумон аз нимаи сентябр то нимаи октябри имсол хабар дод. Бо таълиқи парлумон, мухолифони “хуруҷи бетавофуқ”-и Бритониё аз иттиҳодияи Аврупо фурсате барои ин ки битавонанд ба таври қонуни ҷилави “хуруҷи бетавофуқ”-и ин кишвар аз иттиҳодияро то 31 октябр бигиранд, вуҷуд надорад.
Барис Ҷонсун аммо ин иттиҳом, ки тамдиди таътилоти тобистонӣ ба манзури салби ибтикори амал аз парлумони кишвар астро рад мекунад ва мегӯяд ҳамчунон ба думболи хурӯҷи ботавофуқ аз иттиҳодия аст. Мухолифони ин таътилоти иҷборӣ аммо мегӯянд, дар ин сурат Маҷлиси авом фурсати кофӣ барои барномарезӣ ва музокира дар бораи Брегзит ва эҳтимоли раъйи манфӣ ба хурӯҷ бетавофуқ нахоҳад дошт.
Дар номае, ки аз сӯи Ҷонсун хитоб ба намояндагони маҷлис навишта шуда, омадааст: “Парлумон ин фурсатро дорад, ки дар мавриди барномаи давлат ва бархурдаш бо Брегзит пеш аз нишасти иттиҳодияи Аврупо баҳс кунад ва рӯзи 21 ва 22 октябр дар бораи он раъйгирӣ кунад.”
Нишасти Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 17 ва 18 октябр хоҳад буд. Ҷонсун менависад: “Агар дар музокира бар сари тавофуқ бо иттиҳодияи Аврупо муваффақ шавам, парлумони ин фурсатро хоҳад дошт то қонуни лозим барои тасвиби тавофуқи ҳосилро пеш аз 31 октябр тасвиб кунад.”
Ба таъйиди малика ниёз аст
Бар асоси тарҳи нахуствазир, парлумони Бритониё бояд то 14 октябр таътил шавад ва дар он таърих малика Элизобети дувум бояд ба таври расмӣ барномаи давлати Ҷонсунро муаррифӣ кунад. Ба ин тартиб танҳо ду ҳафта то таърихи таъйиншуда барои хурӯҷи Бритониё дар поёни октябр фурсат мемонад. Иқдоми нахуствазир ба шиддат муноқишабарангез аст ва интизор меравад, ки бо муқовамати шадиде ҳам рӯбарӯ шавад. Дар ҳоли ҳозир дар Скотланд барои ҷилавгири аз таътили маҷлис, иқдомоти қонунӣ дар ҳоли анҷом аст.
Парлумони Бритониё дар ҳақиқат имсол бояд рӯзи 3 сентябр бо поёни таътилоти тобистонӣ фаъолияти худро аз сар гирад. Муддате пас аз шурӯъ ба кор, маҷлис барои озод гузоштани намояндагон барои ширкат дар нишастҳои солиёна аҳзоби аслӣ, барои бори дигар муддате таътил мешавад. Нишастҳои солонаи ҳизби муҳофизакори Бритониё рӯзи дувуми октябр ба поён мерасад.
Вокунишҳо ба таътили иҷборӣ
Бисёре аз намояндагони парлумони Бритониё ба тарҳи ахири Ҷонсун вокуниш нишон додаанд. Як намояндаи муҳофизакори маҷлис Бритониё, ки нақши муҳимме дар тарроҳии стратегияи мухолифони “хуруҷи бетавофуқ” дошта, гуфтааст, ки ин иқдоми Ҷонсун боис мешавад, ки раъйи адами эътмод ба нахуствазир мӯҳтамалтар шавад. Ӯ изофа мекунад: “Бароям шахсан душвор аст ба давлате эътимод кунам, ки воқеан қасд дорад парлумонро ба мураххаси иҷборӣ бифиристад.”
Том Вотсун, муовини ҳизби коргари Бритониё (опозисион) аз “ҳамлаи шармовар ба демокросии мо” сухан гуфтааст. Ў мегӯяд: “Ҷонсун барои тамаркузи қудрат дар дасти худаш, талош мекунад аз малика суъистфода кунад.”
Аҳзоби опозисион дар сададанд ҷилави хурӯҷи бетавофуқро бигиранд
Фишор бар нахуствазири Бритониё дар рӯзҳои гузашта афзоиш ёфт. Ҷирми Курбин, раҳбари ҳизби коргар ва опозисион аз ҷалби ҳимоят барои раъйи адами эътимод алайҳи Барис Ҷонсун дар ҳафтаи оянда (пас аз поёни таътилоти тобистонӣ) хабар дода буд. Урдугоҳи Ҷонсун дар маҷлиси авом бо як раъйи бештар аксариятро дар даст дорад.
Шаклгирии мухолифатҳо бо барномаи эҳтимолии нахуствазир барои тӯлонӣ кардани таътилоти тобистонии маҷлис, аз сешанбеи ҳафтаи гузашта, 20 август оғоз шуд. Шаш ҳизби опозисион дар нишасте таъкид карданд, ки қасд доранд аз “хуруҷи бетавофуқ” ба ҳар сурате ҷилавгирӣ кунанд. Ҳудуди 160 намоянда ин баёнияро, ки дар он ба Ҷонсун нисбат ба давр задани Маҷлиси авоми Бритониё ҳушдор додаанд, имзо кардаанд. Онҳо дар ин баёния овардаанд, ки чунин иқдоме “буҳрони таърихии қонуни асосӣ” Бритониёро дар пай хоҳад дошт.
Даҳ рӯз пеш, беш аз 100 намояндаи маҷлис аз Ҷонсун хостанд, ки маҷлисро фавран барои шӯро дар мавриди хурӯҷ аз иттиҳодия аз таътилоти тобистонӣ ба таври зудҳангом, фаро хонад. Намояндагон дар номае хостори баргузории фаврии нишаст ва ҷилавгирӣ аз таътили нишастҳо то 31 октябр шуда буданд.
Бидуни музокира ва адами таасуб тавофуқ бо иттиҳодияи Аврупо дар маҷлиси Бритониё, ин кишвар ба сурати худкор, “бетавофуқ” 31 октябр, аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ мешавад.