Кормандони милиса як мард, сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми куштор боздошт кардаанд. Ин мард, Саидов Гурез Шарифовичи 66-сола дар ноҳияи Шоҳмансур духтари 11-солаи худро зада куштааст.
Аз гузориши телевизионии барномаи ҷиноии «Ахбори ВКД» бармеояд, ки ҳодиса рӯзи 28 октябр рух додааст.
Марди қотил маблағеро, ки барои харидани доруву табобат ҷамъ карда буд, наёфта, духтари 11-солааш Мадина Саидоваро ба дуздии пул муттаҳам карда, духтарашро бозпурсӣ ва то мурдан бо чӯб ва камарбанд латукуб кардааст.
Додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Гурез Саидов бар асоси моддаи 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда кушодааст. Гурез Саидов дар боздошт аст ва тафтишот идома дорад.