Шахсе, ки имрӯз ба нимҷазираи арабӣ менигарад, ба қавли муҳаққиқ Муҳаммад Муборак, мефаҳмад, ки чи тавр ин минтақа аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар мобайни ду тамаддуни саркаш қарор дошт: яке тамаддуни моддии Ғарб, ки доир ба инсон як сурати нотамоме, ки ҳатто дар як гӯшаи ҷузъии ҳақиқат ҷойе надорад, пешкаш намудааст, дигаре тамаддуни рӯҳонии хаёлие дар Шарқи дур, чунон ки дар Ҳинду Чин ва атрофи он роиҷ буд.
Вақте доир ба вазъи арабҳо дар нимҷазира пеш аз Ислом ва ҳолати миллатҳои гуногуни дигар, ки онҳоро аз атроф иҳота мекарданд, тасаввур пайдо кардем, ба мо дарки ҳикмати илоҳӣ осон мешавад, ки чаро маҳз нимҷазираи арабӣ бо таваллуд ва зуҳури Муҳаммад (с) мушарраф гардид ва барои чӣ махсус арабҳо ҳамон гурӯҳи нахустине шуданд, ки ба олам машъали даъват ба дини Исломро, ки Худованд тамоми ҷинси башариро барои пазируфтани он амр кардааст, мерасонад.
Масъала чи тавре ки бархе гумон мекунанд, нест, ки тарбияву тавҷеҳи соҳибони дини ботил ва тамаддунҳои сохта душвор бошад. Чунон ҳам нест, ки онҳо бо фасоду вайронии худ ифтихор доранду танҳо онро чизи дуруст мепиндоранд ва касоне, ки ҳанӯз дар марҳалаи ҷустану ковиши ҳақиқат қарор доранду надонистани худро мункир нестанд ва чизе аз маданияту илм ва тамаддун надоранд, даъво намекунанд, ки ба тарбияву тавҷеҳ созгортаранд.
Ба андешаи мо ҳикмат ин нест. Зеро ин гуна таҳлил ба касе рост меояд, ки қудрати маҳдуд дорад. Ин гуна кас кори барояш осон ва душворро ҷудо мекунаду осонро мегирад, чун роҳат мехоҳад ва аз душвор мегурезад, чун аз ранҷ меҳаросад.
Агар иродаи Худо чунин мешуд, ки тулӯъи даъвати исломӣ аз самти дигари замин масалан, Форс, ё Рум ва ё Ҳинд бошад, ҳароина Худо барои комёб шудани даъват дар он гӯша ҳамон шароитеро, ки дар нимҷазираи арабӣ фароҳам оварда буд, муҳайё мекард. Чаро ба ин кор қодир набошад?! Охир, Ӯ созандаи ҳама чиз ва эҷодкунандаи ҳама василаву сабабҳост-ку.
Ҳикмати илоҳӣ тақозо менамуд, ки бояд паёмбари нав шахси бехату савод бошад, ки ба қавли Худо “на хонда метавонаду на навишта”, то мардум дар нубуввати ӯ шубҳа накунанду дар ростии даъваташ сабабҳои шак зиёд нашавад.
Аз камоли ин ҳикмат буд, ки он муҳите, ки дар он Паёмбар (с) зуҳур карданд, низ дар муқоиса бо миллатҳои дигари атроф муҳити дур аз илму савод буд. Яъне, чизе аз тамаддунҳои ҳамсоя ба он нарасида ва услуби фикрии он ба чизе аз фалсафаҳои бероҳаи атроф олуда нашуда буд1.
Чунки ҳамон тавр ки вақте Паёмбарро мебинанд, ки як марди омӯхта асту аз китобҳои куҳану таърихи қавмҳои гузашта ва тамаддуни давлатҳои ҳамсоя огоҳӣ дорад, эҳтимол аст, ки ба дилашон шубҳа дарояд. Инчунин вақте мебинанд, ки даъвати исломӣ миёни миллате падид омадааст, ки дар маҷоли тамаддуну фарҳанг ва фалсафаву таърихи он мисли давлати Форсу Юнон ва Рум эътиборе дорад, хавфи ворид шудани шубҳа ба дилҳо бештар мегардад. Зеро чӣ басо ашхоси шубҳазадаву табаҳкоре ҳастанд, ки ба гумонашон ин тамаддуни нодиру қонунгузории баркамол натиҷаи ниҳоии силсилаи таҷрибаҳои маданӣ ва афкори фалсафӣ мебошанд.
Қуръони карим ин ҳикматро ба таври возеҳ чунин баён кардааст:
“هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُوا عَلَيْهِمْ آياتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلالٍ مُبِينٍ” [الجمعة 62/ 2] .
“Ӯ Он [Худо] аст, ки дар миёни нохондагон [яъне: арабҳо] паёмбаре аз худашон фиристод, ки бар онҳо оятҳои Ӯро мехонад ва онҳоро пок мекунад ва ба онҳо Китобу донишро меомӯзад. Ҳамоно онҳо пеш аз ин дар гумроҳии зоҳир буданд.”(Сураи Ҷумъа, ояти 2)
Ба тақозои иродаи Худо паёмбари Ӯ шахси бехату савод шуд ва он қавме, ки миёнашон ин паёмбар зуҳур намуд, низ ғолибан, дур аз хату савод буданд, то мӯъҷизаи нубувват ва шариати исломӣ дар зеҳнҳо тавре возеҳу маълум гардад, ки байни ин ва дигар даъватҳои башарӣ омехтагиву монандие намонад.
Ҳастанд боз дигар ҳикматҳое, аз чашми муҳаққиқ пинҳон нест. Онҳоро иҷмолан дар зер баён мекунем:
- Мусаллам аст, ки Худованд Каъбаи мушаррафаро боиси ҷамъшавии мардум ва амни онон қарор дод ва онро нахустин хонае кард, ки баҳри ибодат ва барпо доштани маросими динӣ барои мардум бунёд шудааст. Илова бар ин, маҳз ҳамин ҷо дуои Абуланбиё Иброҳим (а)-ро таҳаққуқ бахшид. Акнун ҳамчун гаҳвораи даъвати исломӣ, ки он ойини Ҳазрати Иброҳим (а) аст, қарор гирифтани айнан ҳамин гӯшаи муборак ва ҳамчун зодгоҳ ва макони зуҳури хотамуланбиё шудани маҳз ҳамин диёр аз заруриятҳо ва талаботи он ҳама мебошад.
- Мавқеи ҷуғрофӣ нимҷазираи арабиро барои бардоштани бори ин гуна даъват муносиб мекунад. Чунки чи тавре дар боло гуфта шуд, он дар мобайни миллатҳои гуногуни атроф ҷойгир шуда буд. Ин вазъ кори интишори даъвати исломиро миёни дигар халқу қавмиятҳо ва давлатҳои атроф хеле осон мегардонад. Агар ба ҷараёни даъвати исломӣ дар оғози Ислом ва аҳди хулафои рошидин бознигарӣ кунед, ин нуқтаро ба таври возеҳу равшан хоҳед дид.
- мӯҷиби ҳикмати илоҳӣ забони арабӣ забони даъвати исломӣ гардид ва ҳамчун василаи нахустини мустақим барои тарҷумаи каломи Худо ва расонидани он ба мо қарор дода шуд. Шояд агар мо ба хусусияти забонҳо чуқур назар афканем ва онҳоро ба муқорина кашем, хоҳем дид, ки забони арабӣ бо вижагиҳои бештаре, ки будани он дар забонҳои дигар ба нудрат аст, имтиёз дорад. Аз ин лиҳоз, ҳақ дорад, ки забони нахустини мусулмонон дар ҳама гӯшаву канори олами исломӣ бошад.
1 الأمة العربية في معركة تحقيق الذات: 147
Сообщение ПАЁМ.net.