Рӯзи душанбе маросими беҳтаринҳои ФИФА дар Париж баргузор шуд ва аргентиниҳо ба баракати пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар, ҷоизи асосиро бурданд.
Дар ин маҳфил, Лионел Месси ба унвони беҳтарин бозикун, Эмилиано Мартинесс, беҳтарин дарвозабон ва Лионел Скалони, беҳтарин сармураббии сол тавассути ФИФА интихоб шуданд.
Ҳамчунин, ФИФА ҷоизаи беҳтарини ҳаводоронро низ ба ҳаводорони тими Аргентин дод.
Капитани тими миллии Аргентин дар ин шаб аз сармураббии худ ситоиш кард. Ў гуфт: “мехоҳам аз Лионел Скалони ва ҳамбозиҳоям дар ин тим ташаккур кунам. Бидуни онҳо дар инҷо намебудам.”
Месси бо ишора ба баранда шудани кишвараш дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар афзуд: “ман ба орзуе, ки аз хеле дер дар сар доштам расидам. Ин орзуи ҳар футболбоз аст, танҳо шумори каме ба он даст ёфтаанд ва ман ҳоло дар миёни ин хушшонсҳо ҳастам.”
Дар ин шаб, Алексия Путеляс, бозикуни тими миллии Испания ва бошгоҳи Барселоно, беҳтарин футболбоззани дунё дар соли 2022 шинохта шуд.
Ҳамчунин, Мэри Эрпс дарвозабони тими миллии Англистон ва Мачистер Юнайтед, беҳтарин дарвозабонзан ва Сабрина Вегман сармураббии тими миллии занони Англия, беҳтарин мураббии сол муаррифӣ шуданд.